Article Pages

Дар ҷануби кишвар бознигарии парвандаи собиқ нозири минтақавӣ Машраф Алиев, ки бо ҷурми истифодаи шиканҷа нисбат ба як ноболиғ айбдор дониста шудааст, оғоз гардид. Ҷаласаи судӣ 24-уми сентябр дар бинои додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа оғоз гардида, мурофиаро додраси суди шаҳрӣ Бахтиёр Искандаров раисӣ мекунад. Аммо мурофиа дер давом накарда, суд то соати 10-и рӯзи 26-уми сентябр танаффус эълон кард....

25.09.2013 - 11:31

Мақомоти Оҷонсии зидди фасод аз посбонҳои бӯстонсарои Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшудаи тоҷик, хостаанд, то бар зидди кордеҳашон шоҳидӣ диҳанд. Фахриддин Зокиров, яке аз вакилони мудофеи Зайд Саидов, ба “Озодагон” гуфт, нимаи дувуми рӯзи 19-уми сентябр гурӯҳи кории Оҷонсии зидди фасод таҳти роҳбарии Зуҳал Раҳимов ба бӯстонсарои зерҳимояашон рафта, посбонҳоро барои шоҳидӣ ба...

20.09.2013 - 18:47

Файзинисо Воҳидова, вакили Садриддин Тошев аз суд талаб кард, то прокурор Диловар Алиев бино ба сабаби таҳдид карданаш ба ҷабрдидагону шоҳидон ва дар натиҷа ба даст овардани нишондоди дурӯғ, иваз карда шавад. Ин дуввумин прокурор аст, ки дар мурофиаи судии Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев, ду маҳбус - шоҳиди марги Ҳамза Икромзода, ки дар маҳбасхонаи №3-и шаҳри Хуҷанд давом дорад, бо...

20.09.2013 - 17:25

Садриддин Тошев, маҳбуси зиндони Хуҷанд, ки яке аз шоҳидони марги Ҳамза Икромзода, сокини ҷавони Ҳисор, дониста мешавад, барои се рӯз даст ба гуруснанишинӣ задааст.  Оқои Тошев ин тасмими худро дар додгоҳи Хуҷанд эълон кард, ки рӯзи 19-уми сентябр баррасии парвандаи ӯ ва Суннатулло Ризоев, як маҳбуси дигари Хуҷандро аз сар гирифт. Мақомот Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоевро дар...

19.09.2013 - 16:39

Семинар барои намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон дар мавзӯи «Ҳамкории ниҳодҳои миллии ҳуқуқи инсон бо ҷомеаи шаҳрвандӣ» рӯзҳои 17-18 сентябр дар толори меҳмонхонаи Ҳаятт Риҷенси Душанбе баргузор шуд. Ҳамоиши мазкурро Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ва Ҳукумати ҶТ созмон доданд. Ин ҷаласа ҳамчун форуми кушода ба таҳлили фаъолияти...

18.09.2013 - 17:44

Давраи омӯзишӣ барои кормандони муассисаҳои ислоҳӣ дар мавзӯи «Истифодаи ҳабси якумра ҳамчун алтернативаи асосии ҳукми қатл дар Тоҷикистон» рӯзҳои 16-17 сентябр дар Маркази такмили ихтисоси назди Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (СРИҶҶ ВА ҶТ) гузаронида мешавад. Чорабинии мазкурро намояндагии Penal Reform International (PRI) дар Осиёи Марказӣ бо...

12.09.2013 - 16:39

Як сокини шаҳри Хоруғ, гуфтааст, ки вай зарур намедонад аз давлат ва мақомоти кишваре, ки метавонанд ба сӯйи сокинони ғайринизомӣ гулӯла шиллик кунад, ҳимоят кунад. Ин шаҳрванди 54-солаи маркази вилояти Бадахшони Тоҷикистон яке аз афроди захмишуда дар амалиёти низомии давлат дар рӯзи 24 июли соли 2012 дар шаҳри Хоруғ будааст. Ҳамчунин ин фард гуфтааст, ки дар ин рӯз вай, ки шадидан захмӣ...

10.09.2013 - 23:58

Аскар Одинаев, ки рӯзе пеш Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба авбошӣ ва таҳдид ба ҷони талабаи мактаби миёна айбдор карда буд, корманди собиқи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ будааст. Капитани мустаъфии амният феълан дар озодӣ аст. Вай ба TojNews ҷузъиёти ҳодисаи 2-юми сентябрро дар мактаби миёнаи рақами 35-и шаҳри Душанбе ва баъдан латукӯб шуданашро дар ШКД-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт нақл...

04.09.2013 - 19:31

Суди шаҳри Қӯрғонтеппа нисбати собиқ корманди бахши кофтукови ҷиноии ШВКД-и шаҳри Сарбанд Нусрат Ёдгоров ба иттиҳоми истифодаи шиканҷа ва боздошти ғайриқонунӣ ҳукм содир намуд. Н.Ёдгоров дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи аломатҳои моддаҳои 143, дараҷ. 1 (Шиканҷа) ва 358, қ. 1 (Боздошти ғайриқонунӣ ва ба ҳабс гирифтан)-и КҶ ҶТ гунаҳкор дониста шуда, ба 2,5 соли зиндони низоми умумӣ маҳкум...

28.08.2013 - 23:34

Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Amnesty International ба имзои муроҷиатнома (петитсия)-и дастаҷамъона ҷиҳати хотима бахшидан ба истифодаи шиканҷа дар Тоҷикистон ташаббус нишон медиҳад. Созмон ҳодисаи рухдода бо Лӯъбат Бурҳоноваро таъкид месозад. Рӯзи 9-уми августи соли 2009 ба ин зан хабар медиҳанд, ки як рӯз қабл писараш Дилшодбек Муродов бар асари бемории дил дар зиндон ба ҳалокат...

16.08.2013 - 21:06

Страницы