Article Pages

Рӯзи 18-уми ноябри соли 2022 аз соати 13:00 то 14:00 ва 22-юми ноябри соли 2022 аз соати 18:00 то 19:00 дар радиои «Азия-Плюс» дар доираи маъракаи 30-рӯзаи «Озодӣ аз шиканҷа - ҳуқуқи мутлақи инсон. 10 сол - барои озодӣ аз шиканҷа!» бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон, ки ҳамасола 10-уми декабри соли 2022 таҷлил мешавад, барномаи мустақими радиоӣ баргузор мегардад. Меҳмонони студия...

10.11.2022 - 15:00

"Эътилоф ба қурбониёни шиканҷа ёрии ҳуқуқӣ мерасонад, мурофиаҳои судии стратегӣ пеш мебарад, муроҷиатҳоро дар бораи ҳолатҳои эҳтимолии истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона ҳуҷҷатгузорӣ мекунад",- хабар дод Нурмаҳмад Халилов, раиси Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон зимни баромад дар конфронси "Мубориза бар зидди шиканча: таҷриба ва дастовардҳо, санаи 25 октябр...

08.11.2022 - 23:28

"Мо қонунгузории хеле хуб дорем, ки яке аз қонунгузориҳои пешрафтатарин аз нуқтаи назари таъмин намудани кафолатҳои ҳуқуқи инсон дар низоми адолати судии ҷиноятӣ ба ҳисоб меравад. Аммо дар амал чӣ рӯй медиҳад?",- савол дод Гулчеҳра Холматова, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии "Дунёи ҳуқуқ", роҳбари гурӯҳи ёрии ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни...

07.11.2022 - 23:22

Судяи Суди конститутсионии ҶТ Фотеҳ Қувватзода рӯзи 25-уми октябр дар шаҳри Душанбе зимни суханронӣ дар конфронси «Мубориза бо шиканҷа: таҷриба ва дастовардҳо» изҳор дошт, ки Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи ҳуқуқҳои асосӣ ва озодиҳои шаҳрвандон риоя ва татбиқи бевоситаи Конститутсияро таъмин мекунад. Ҳамин тариқ, ба гуфтаи ӯ, Суди конститутсионӣ дар мавриди озодӣ аз...

04.11.2022 - 10:42

Санаи 1-уми ноябри соли 2022 Суди ноҳияи Файзобод Назирова Бибикалонро бо моддаи 109, қисми 2-и КҶ ҶТ гунаҳгор дониста, нисбаташ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 7 сол бо адои ҷазо дар колонияи низоми умумӣ таъин намуд. Хотиррасон менамоем, ки дар Суди ноҳияи Файзобод аз аввалҳои моҳи октябри соли 2022 баррасии судии парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба марги Абдуалимзода Манора, ки...

03.11.2022 - 14:50

«Тадқиқоту таҳлилҳои гузаронидашуда нишон медиҳанд, ки шиканҷа метавонад на танҳо баҳри ба даст овардани маълумот (худиқрорӣ, нишондод, шаҳодати дорои хислати дигар), балки ба ҷазо додани шахс барои рафтор ё амале, ки ба он гунаҳгор карда мешавад, равона гардад»,- гуфт ёвари прокурори шаҳри Хуҷанд Қурбонзода Беҳрӯз ҳангоми суханронии худ дар конфронси «Мубориза бо шиканҷа: таҷриба ва дастовардҳо...

03.11.2022 - 14:48

Прокурори калони Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ ва назорати маводи нашъаовари Прокуратураи генералӣ Файзалӣ Давлатзода рӯзи 25-уми октябр зимни баромад дар конфронси “Мубориза бо шиканҷа: таҷриба ва дастовардҳо”дар баромадаш оид ба назорати прокурорӣ ҳамчун кафолати асосии риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон оид ба озод будан аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона зикр намуд, ки аз...

03.11.2022 - 10:42

«Риояи ҳуқуқи маҳкумшудагон самти афзалиятноки сиёсати пенитенсиарӣ ба шумор меравад. Маҳрум кардани шахс аз озодиҳояш асос барои кам кардани ҳуқуқу манфиатҳои қонунии ӯ нест. Конститутсияи Тоҷикистон ба ҳар як шаҳрванд сарфи назар аз ҷинс, нажод, миллат, инчунин доштан ё надоштани доғи судӣ ҳуқуқ ба ҳимояро кафолат медиҳад»,- зикр намуд муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати...

02.11.2022 - 15:49

«Шиканҷа мушкили мубрам дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ба шумор рафта, роҳбарияти ВКД пайваста аз кормандон талаб мекунад, ки дар кори худ аз истифодаи шиканҷа худдорӣ намоянд»,- зикр намуд сардори Раёсати амнияти дохилии ВКД Тоҷикистон Ҷамшед Машрабзода рӯзи 25-уми октябр зимни баромад дар конфронси «Мубориза бо шиканҷа: таҷриба ва дастовардҳо» дар шаҳри Душанбе. Ба гуфтаи ӯ,...

31.10.2022 - 10:39

“Шиканҷа ҷинояти вазнин аст”,- зикр намуд муовини аввали раиси Суди Олии ҶТ Шавкат Лутфуллозода рӯзи 25-уми октябр зимни суханронӣ дар конфронси “Мубориза бо шиканҷа: таҷриба ва дастовардҳо”. Ба гуфтаи ӯ, дар моддаи 5-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар омадааст, ки “ҳеҷ кас набояд мавриди шиканҷа ё муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф ва ҷазо қарор гирад”. Дар Конвенсияи...

28.10.2022 - 15:14

Страницы