Бозтоби «моҳи дастгирии қурбониёни шиканҷа» дар расонаҳо

Бозтоби «моҳи дастгирии қурбониёни шиканҷа» дар расонаҳо

Моҳи июн барои шиканҷашудагон давраи муҳим буд, зеро имсол низ рӯзи 26-уми ҳамин моҳ дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла, дар Тоҷикистон ба хотири маҳкум кардани ин намуди зӯроварӣ чорабиниҳо баргузор гардиданд.

Дар баррасии масоили шиканҷа моҳи июн торнамоҳои интернетӣ хеле фаъол ба назар расидаву ҳар як хабари мавзӯиро сари вақт пахш мекарданд. Масалан, дар соатҳое, ки шаҳрвандони Тоҷикистон аз намоишгоҳи аксҳои «Нест бод шиканҷа!» боздид мекарданд, хабаргузориҳо дар бораи муроҷиати созмонҳои ҷамъиятӣ ба давлатҳои Осиёи Марказӣ ва изҳороти Иттиҳоди Аврупо дар робита ба Рӯзи байнулмилалии дастгирии ҷабрдидагони шиканҷа иттилоъ доданд. Аз ҷумла, Хабаргузории «Азия-Плюс» рӯзи 26-уми июни соли 2014 бо пахши матлабе таҳти унвони «Даъвати созмонҳо ба кишварҳои ОМ ҷиҳати хотима бахшидан ба шиканҷа ва беҷазоӣ» аз қавли ҳомиёни ҳуқуқи инсон навишт, ки «моҳи декабри соли 1997 Маҷмаи Кулли Созмони Милали Муттаҳид 26-уми июнро Рӯзи байнулмилалии дастгирии ҷабрдидагони шиканҷа, рӯзи иқдомоти қотеъона бар зидди шиканҷа, гиромидошти хотираи қурбониён ва дастгирии ҷабрдидагон дар тамоми ҷаҳон эълом кард. Тибқи Конвенсияи СММ зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, шиканҷаро ҳуқуқи байнулмилалӣ комилан манъ кардааст ва истифодаи он ҳаргиз ҷоиз нест. Ҳамаи давлатҳои Осиёи Марказӣ аъзои Конвенсияи зидди шиканҷа мебошанд ва ба ин тариқ уҳдадории аз шиканҷа ҳифз кардани ҳар як инсони дар қаламрави ҳуқуқии онҳо қарордоштаро ба зиммаи худ гирифтаанд».

- Дар тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ шиканҷа ва муносибати бераҳмона бештар дар соатҳои аввали боздошт истифода мешавад, вақте дастгиршудагон аксаран бидуни робита бо олами берун (incommunicado) ва дастрасӣ ба ҳимоятгару корманди тиббӣ нигаҳдорӣ мешаванд. Аммо шахсоне, ки дар боздоштгоҳҳои тафтишотӣ ва муассисаҳои ислоҳӣ қарор доранд, аз истифодаи шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона дар марҳилаҳои баъдӣ низ иттилоъ додаанд, - омадааст дар ин гузориш ва илова шудааст: «Масалан, рӯзи 27-уми июни соли 2014 аз ҳалокати Хуршед Бобокалонов панҷ сол сипарӣ мешавад. Ин пизишки саратоншинос панҷ сол қабл аз манзили истиқоматиаш, воқеъ дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон берун рафт, то бо дӯстонаш 33-солагии худро ҷашн гирад. Дар роҳи бозгашт ба хона ӯ ва рафиқонашро кормандони милисаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ нигоҳ доштанд. Сипас онҳоро ба мошини милиса савор карда, бурданд. Ҳамон шаб аҳли хонаводаи Хуршед Бобокалонов аз фавти ӯ хабардор шуданд. Колбудшикофии ҷасад, ки 28-уми июни соли 2009 гузаронида шуд, муайян сохт, ки Хуршед Бобокалонов дар натиҷаи гирифтани роҳи нафас аз маводи қай ҳалок шудааст. Коршиносони тиббӣ дар бадани ӯ захму доғҳои зиёдеро ташхис кардаанд, ки эҳтимол пеш аз ҳалокати ӯ бар асари истифодаи ашёи кунду вазнин пайдо шудаанд. Кӯшишҳои пайвастаи модари ӯ ва ҳимоятгарон ҷиҳати маълум кардани сабаби аслии ин ҳодисаву шахсоне, ки барои ҳалокати Хуршед бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд, натиҷае надоданд. Тафтишот чандин маротиба оғоз ва қатъ карда шуд. Модари ӯ ба хулосае омад, ки мақомоти дахлдор намехоҳанд барои ошкор кардани гунаҳкорон чорае андешанд ва доир ба амаҳои тафтишотӣ ба ӯ иттилоот пешниҳод кунанд ё ба мактубҳои адвокати ӯ ҷавоб диҳанд. То кунун касе барои ҳалокати Хуршед Бобокалонов ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст».

Ҳамзамон худи ҳамон рӯз, яъне 26-уми июн Хабаргузории «Азия-Плюс» иттилои дигаре бо номи «Изҳороти ИА ба муносибати Рӯзи байнулмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа»-ро пахш кард. Дар изҳороти мазкур аз ҷумла чунин омадааст: «Мо дар Рӯзи байнулмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа мехоҳем қавлу уҳдадории Иттиҳоди Аврупоро ҷиҳати пешгирӣ ва решакан кардани шиканҷа ва дигар шаклҳои ҷазодиҳии бераҳмона ва ғайринсонӣ таъкид намоем. Тибқи қонунҳои байнулмилалӣ, шиканҷа комилан манъ аст. Мо саъйю кӯшиши созмонҳои ҷамъиятӣ ва шахсони алоҳидаро, ки бар зидди шиканҷа мубориза бурда, дарду ранҷи қурбониёни шиканҷаро камтар сохта, афкори умумро ба ин масъалаи муҳим ҷалб месозанд, дастгирӣ мекунем. Иттиҳоди Аврупо тавассути барномаи “Санади аврупоӣ барои демократия ва ҳуқуқи инсон” ба созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки талоши решакан кардани шиканҷаро доранд ва ҷавобгариро барои ин гуна бадрафториҳо ҷорӣ мекунанд, дастгирии заруриро пешниҳод месозад. Иттиҳоди Аврупо кору фаъолияти сохторҳои байнулмилалӣ, алалхусус, Гузоришгари махсуси СММ, Кумитаи алайҳи шиканҷа ва Кумитаи Шӯрои Аврупоро барои пешгирии шиканҷа қадрдонӣ карда, давлатҳои ҷаҳонро ба иҷрои пешниҳоду тавсияҳои ин сохторҳо даъват мекунад».

Ба ҷуз ин, торнамои «Азия-Плюс» рӯзи 26-уми июн як мақолаи таҳлилии дорои таймлайнро зери унвони “Бист сол дар мубориза бо шиканҷа” («Двадцать лет в борьбе с пытками») дастраси хонандагон кард.

Торнамои NoTorture.Tj низ дар ин раванд фаъол буд ва рӯзи 26-уми июн як гузориши видеоиро аз ҷараёни намоишгоҳи «Нест бод шиканҷа!» пахш кард.

- Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон дар Рӯзи байнулмилалии дастгирии ҷабрдидагони шиканҷа иқдомоти навбатиро доир кард, - хабар дод торнамо ва ёдовар шуд, ки «соли гузашта дар чорабинии ҳамсон намоиши аксҳои қурбониёни шиканҷа ва муаррифии китоби “Чанд ҳаёти сӯзонидашуда, ҷонҳои рабудашуда” баргузор гардида буд. Ин китоб ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр шуда, фарогири 8 қазияи воқеии қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар Тоҷикистон мебошад. Дар он хотираҳои хешовандони қурбониён дар бораи писар ё шавҳарашон гирдоварӣ шудааст, ки мавриди зӯроварию худсарии мақомоти қудратӣ қарор гирифтаанд».

Ба иттилои ин торнамо, дар намоишгоҳи имсола созмондиҳандагон 3 саргузашти нави сарбозони ҷавони қӯшунҳои сарҳадиро манзур сохтанд, ки қурбонии зӯроварӣ ва муносибати бераҳмонаи ҳамхизматони баландрутба гардидаанд. Аз ҷумла, саргузаштҳои сарбози маъюбшуда Шаҳбол Мирзоев, ки алъон дар ҳолати вазнин бистарии бемористон аст, инчунин Акмал Давлатов ва Мақсуд Носиров, ки бар асари латукӯб дар артиш ба ҳалокат расиданд. Ҳамзамон бинандагони ин намоишгоҳ чун соли пеш бо 6 таърихномаи аксии дигар низ шинос шуданд. Асоси онҳоро қазияҳои пурсарусадои Баҳромиддин ШодиевСафаралӣ СанговИсмоил Бачаҷонов ва Дилшодбек Муродов ташкил дод, ки зимни боздошт ё дар маҳбас фавтидаанд.

Дар гузориши торнамо суханронию андешаҳои ҳомиёни ҳуқуқи инсон ҷой дода шудааст. Аз ҷумла, роҳбари Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон Нигина Баҳриева мегӯяд: «Мо имрӯз дар ин макон барои поси хотири шахсоне гирд омадем, ки қурбонии шиканҷа ва муносибати бераҳмона шудаанд. Имрӯз аз қабули Конвенсияи СММ зидди шиканҷа 50 сол пур мешавад. Санади мазкур дар сатҳи байнулмилалӣ таҳаммулнопазирии комил нисбат ба шиканҷаро эълом дошт, то ин ки ҳар як ҳолат ба таври дақиқ тафтиш карда шавад, ҳар як шахси гунаҳкор ҷазо бигирад ва давлат таҳаммулнопазирии худро нисбат ба ин зуҳуроти номатлуб изҳор дорад. Дар ин намоишгоҳ аксҳои қурбониёну ҷабрдидагон бо захму нишонаҳои шиканҷаву муносибати бераҳмона ба маърази тамошо гузошта нашудааст – ҳозирин набояд он даҳшатеро бубинанд, ки онҳо аз сар гузарониданд. Мақсади намоишгоҳ дигар аст – нишон додани аксҳо аз бойгонии хонаводаҳои ин ҷавонон: чӣ гуна онҳо ба воя мерасиданд, аз шириниҳои ҳаёт лаззат мебурданд, вале бо амри тақдир дар як марҳилаи зиндагӣ ба ҳолати ногуворе гирифтор шуданд. Намоишгоҳи аксҳо ба мардонагиву матонати хешовандони қурбониёне, ки бар асари шиканҷа ва муносибати бераҳмона фавтидаанд, бахшида шудааст. Сарфи назар аз монеаҳову интизороти зиёд, онҳо ба адолат бовар доранд ва саъй меварзанд, ки шахсони гунаҳкор ҷазои қонунӣ бигиранд. Дар ин ҷо 9 таърихномаи аксӣ манзур гардонида шудааст, ки имрӯз танҳо яке аз қаҳрамонони онҳо зинда аст – ҷабрдидаи муносибатҳои ғайриоинномавии “дедовшина” Шаҳбол Мирзоев – ҳамаи ашхоси боқимонда ҷони худро аз даст доданд».

Ба иттилои торнамо, дар толоре, ки намоишгоҳ ҷараён дошт, бо мақсади ҷамъоварии кӯмакпулӣ барои муолиҷаи Шаҳбол Мирзоев як қуттии шаффоф гузошта шуда буд ва ҳозирин баҳри дастгирии сарбози маъюбшуда маблағҳои худро хайр карданд.

Дар гузориши мазкур навори видеоии мусоҳиба бо роҳбари Созмони ҷамъиятии “Перспектива+” Ойниҳол Бобоназароваро оид ба вазъи шиканҷа дар Тоҷикистон низ пахш гардидааст, ки корбарон метавонанд аз он баҳра бардоранд.

Аз ин намоишгоҳ торнамои NoTorture.Tj таҳти унвони «Аксҳо аз намоишгоҳи «Нест бод шиканҷа!»» ва Оҷонсии иттилоотии TojNews бо номи «Аксҳо: Намоиши "Нест бод шиканҷа!" дар пойтахт» гузоришҳои аксиро низ нашр карданд, ки саҳнаҳоеро аз рӯзгори қурбониёни шиканҷа дар чанд соли охир нишон медиҳанд.

Зимнан хабаргузории «Озодӣ» низ оид ба ин намоишгоҳ гузорише бо номи «Қурбониёни шиканҷа: Модараш то ҳол ба марги Мақсуд бовар надорад» омода кардаву якҷо бо навори видеоӣ дар саҳифаи худ ҷой додааст.

- Дар шаҳри Душанбе бо баргузор кардани намоишгоҳи аксҳои қурбониёни шиканҷа масъулон хостанд бори дигар мақомоти давлатӣ ин масъаларо ҷиддӣ бигирад, - мақсади гузаронидани ин иқдомотро шарҳ додааст «Озодӣ».

Руҷӯъ дар ин гузориш бар матни аксе асос ёфтааст, ки риққатовар аст: «Модари Мақсуд сарбози ғӯрамарги тоҷик, ҳанӯз ҳам ба марги писараш бовар надорад ва ҳар шом баргашти ӯро ба хона мунтазир аст, ҳарчанд медонад, ки ӯ дигар барнамеградад. Падараш ҳам ҳар субҳи худро аз зиёрати манзили писараш ва суҳбат бо ӯ оғоз мекунад».

- Ин зернависи акси як навҷавони хандон диққати бисёре аз бинандагони намоишгоҳи зидди шиканҷаро ба худ мекашид. Марги Мақсуд Носирови 21-сола 27-уми январи соли ҷорӣ дар қисми низоми 2758 воқеъ дар ноҳияи Спитамен, ба ҳангоме рух додааст, ки кӯҳнасарбозон ӯ ва чанд ҳамхидматашро латукӯб кардаанд. Пас аз зарбаҳои сахте ба гулӯ ва зери шикамаш Мақсуд ба замин афтод, аз ҳуш рафт ва бо ҳамин дигар ба худ наомад. Бо кӯшишҳои зиёд нисбати 4 гунаҳкори ин фоҷиа парвандаи ҷиноятӣ боз шуд ва ҳар яки онҳо аз 5 то 7,5 сол ҳукми зиндон гирифтанд. Аммо вакили Мақсуд талаб дорад, ки парвандаи куштори ӯ бозбинӣ шавад. Аксҳои Мақсуд дар қатори тасвирҳои дигаре, ки вазъи шиканҷа дар Тоҷикистон ва қурбониёни онро бозгӯ мекунад, 26-уми июн дар маросиме бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳимоят аз қурбониёни шиканҷа ба маърази тамошо гузошта шуд, - омадааст дар торнамои «Озодӣ».

Дар ҳамин ҳол Таҳмина Ҷӯраева, як масъули Дафтари ҳуқуқи башар ва риояти қонуни Тоҷикистон дар суҳбат бо расонаи мазкур гуфтааст, ки «чунин намоишгоҳҳо барои ба вуҷуд овардани сарусадо дар ҷомеа ва ҷалби таваҷҷуҳи мақомоти болоӣ ба масъалаи доғи шиканҷа мусоидат мекунанд. Масалан, агар чанд соли пеш мақомот вуҷуди шиканҷа ва бадрафториро инкор мекарданд, аммо ҳоло дар сатҳи болоӣ ин мавзӯъ матраҳ мешавад ва ҳатто худи президент ҳам дар рӯзи милиса баромад кард ва талаб намуд, ки кормандони милиса дар фаъолияти худ аз бадрафторӣ истифода набаранд».

Яке аз мавзӯъҳои доманадор, ки атрофи он расонаҳои интернетӣ ва нашрияҳо дар моҳи июн силсилаи матолиб нашр карданд, қазияи сарбози маъюб Шаҳбол Мирзоев аст.

Нашрияи «Озодагон» таҳти унвони «Нома ба Раҷабалӣ Раҳмоналӣ: Ба дедовшина хотима диҳед!» (№21 (330), аз 4-уми июни соли 2014) мухтасари мактуби Эътилофҳои ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва як қатор созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсонро ба Фармондеҳи Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба нашр расонд. Дар ин мактуб даъват ба амал оварда мешавад, ки ҳарчи зудтар муносибатҳои ғайриоинномавӣ дар байни сарбозоне, ки хизмати ҳарбиро адо мекунанд, барҳам дода шавад.

- Барои мо – ҳомиёни ҳуқуқи инсон, адвокатҳо ва рӯзноманигорон, ҳуқуқу озодиҳо ва шаъну шарафи сарҳадбонон на камтар аз ҳуқуқу озодиҳои сокинони дигари Тоҷикистон муҳиманд. Мутаассифона, дар давоми якчанд моҳи охир ҳолатҳои муносибатҳои ғайриоинномавӣ («дедовшина»), ҳамчунин истифодаи шиканҷа ва зӯроварӣ нисбат ба сарбозони Қӯшунҳои сарҳадӣ афзудаанд. Мо аз 4 ҳолати мушобеҳ огоҳ шудем, ки дар давоми соли 2014 ба амал омадаанд. Аз ин шумор дар 3 ҳолат ҷабрдидагон фавтиданд. Ин қазияҳои фоҷиаомез нигаронии амиқро аз тақдири наваскарон ба вуҷуд меоранд. Яке аз ҷабрдидагони чунин муносибатҳои ғайриоинномавӣ Шаҳбол Мирзоеви 22-сола мебошад, ки дар моҳи октябри соли 2013 пас аз хатми факултаи ҳуқуқшиносӣ ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ рафтааст. 6-уми марти соли 2014 ӯ ба нуқтаи тиббии қисми ҳарбӣ бо шикоят аз дарди дандон муроҷиат кардааст. Тибқи маълумоти бадастовардаи мо, вақте Шаҳбол Мирзоев аз канори гурӯҳи хизматчиёни ҳарбии рутбаашон баландтар ва кормандони тиббӣ мегузашт, фелдшер Усмон Ғайратов дар нисбати ӯ суханони таҳқиромез ва пастзанандаи шаъну шараф баён кард. Шаҳбол ҷавоб надода, мехост аз канори онҳо зуд гузашта равад, аммо фелдшер ӯро бардошта, бо пушти сараш ба замин зад. Аз шиддати зарба дасту пойҳои Шаҳбол аз кор монданд. Вақте ӯ дар рӯйи замин мехобид, фелдшер латукӯбашро давом медод. Ҳангоме ки дигарон беҳаракат хобидани Шаҳбол Мирзоевро диданд, се маротиба кӯшиш карданд, ки ӯро ба пой рост монанд. Аммо ҷавон боз ҳам афтода, сараш ба замин бармехӯрд. Гуфта мешавад, ки баъд аз ин хизматчиёни ҳарбӣ бо ашёи тез (лезвие) кафи пойи ӯро бурида, ба узвҳои гуногуни баданаш сӯзан халониданд ва ба тахтапушташ оби ҷӯш рехтанд. Аммо вақте беҳис шудани дасту пойи Шаҳболро фаҳмиданд, ӯро дар нуқтаи тиббии қисми ҳарбӣ хобониданд. Ин ҳама вақт Шаҳбол Мирзоев аз кормандони тиббӣ ва сарбозон хоҳиш мекард, ки ӯро ба бемористон интиқол диҳанд. Аммо Шаҳболро танҳо дар рӯзи дигар бо истифода аз нақлиёти сабукрав ба муассисаи тиббӣ бурданд. Дар роҳи бемористон ӯ ба нишастан маҷбур буд, ҳарчанд ҳолати вазнин дошт ва сарашро мустақилона нигоҳ дошта наметавонист. Ташхиси пизишкони Маркази миллии тиббии «Қарияи боло» шикасти мӯҳраи панҷуми сутунмӯҳра бо осеби қисми гардани ҳароммағз, инчунин осеби якчанд узви бадан ва беҳаракатию беҳиссиётӣ дар дастону пойҳои сарбозро муайян кард… Тоҷикистон узви Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф буда, ба риояи тамоми ҳуқуқҳое уҳдадор шудааст, ки дар доираи ин санади байнулмилалӣ танзим мешаванд. Дар моҳи ноябри соли 2012 Кумитаи зидди шиканҷаи СММ раванди иҷроиши муқаррароти ин Конвенсияро дар Тоҷикистон баррасӣ кард. Дар моҳи январи соли 2013 Кумитаи мазкур тавсияҳои ҷамъбастии худро интишор дода, аз ҷой доштани муносибатҳои ғайриоинномавӣ ва зӯроварӣ дар Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард... Мо дар навбати худ аз Шумо даъват ба амал меорем, ки фаъолиятро дар самти рушди минбаъдаи Қӯшунҳои сарҳадӣ идома дода, шароити зарурӣ баҳри он таъмин созед, ки тамоми сарҳадбонон бидуни тарс аз зӯроварию таҳқир шудан аз ҷониби сарбозони дигар адои хизмат кунанд…, - омадааст дар номаи мазкур.

Баъдан торнамои NoTorture.Tj, ки рӯзи 29-уми май шакли пурраи ин мактуби саркушодро интишор дода буд, посухи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ-ро ба адвокати Шаҳбол Мирзоев – Абдураҳмон Шарипов дарёфт кардаву нашр сохт. Дар ин хабари NoTorture.Tj гуфта мешавад, ки ин ниҳод таъмини табобати Шаҳбол Мирзоев ва ҷудо кардани маблағи ҷуброни зарар барои ин сарбозро бар дӯш гирифтааст.

Дар посухи Қӯшунҳои сарҳадӣ аз ҷумла чунин омадааст: «Роҳбарияти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости Шуморо, таҳти №28 аз 04.04.2014 сол дида баромада, ба маълумоти Шумо мерасонад, ки дар буҷаи Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пардохт намудани ҷуброни зарар ва расонидани ёрии моддӣ ба ҷароҳатбардоштагон ва осебдидагон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» маблағгузорӣ пешбинӣ шудааст. Табобати таъҷилии ҷабрдида сарбози қаторӣ Мирзоев Шаҳбол Нӯъмонович дар шуъбаи ҷарроҳии асаби №2 Маркази миллии тиббии ҶТ аз тарафи мутахассисони соҳавӣ ҳаматарафа аз ҳисоби Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Минбаъд ҳам табобати консервативӣ ва табобати санаторию фароғатӣ барои барқароршавии саломатӣ, ки мутахассисони соҳавӣ тавсия додаанд, таъмин карда мешавад ва маблағи ҷуброни зарар дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» ҷудо карда мешавад».

Хабаргузории Би-би-сӣ низ бо истинод ба торнамои NoTorture.Tj дар ин бора таҳти унвони «Раҳмоналӣ: Ҳазинаи мудовои Шаҳбол Мирзоевро мепардозем» хабаре пахш карда, ҳамзамон аз таърихи қазияи сарбози маъюб баъзе ҳолатҳоро ёдовар шуд.

Аммо рӯзи 10-уми июн хабаргузории «Озодӣ» мусоҳиба бо Зайтуна Мирзоеваро таҳти унвони «Модари Шаҳбол: Ҷавоби писари маҷрӯҳи маро кӣ медиҳад?» нашр сохт, ки дар он модар аз додгоҳ ва ҷомеа суол кардааст: «Писарамро сиҳат ба хидмат фиристода будам, лекин бо чӣ ҳол ба дастам додед? Ҷавоби писарамро ба хидмат фиристоданам ҳамин аст?».

- Табибон мегӯянд, ки саломатии Шаҳбол Мирзоев, сарбози аз латукӯби ҳамхидмати собиқадораш маъюбшуда каме беҳтар шудааст. Аммо вай то ҳол дар бахши «наҷот»-и беморхонаи вилоятии Суғд таҳти назорати доимии табибон бистарӣ аст, - омадааст дар сарсухани мусоҳиба бо модари сарбоз.

Дар посух ба ин суол, ки «мақомоти ҳарбӣ гӯё ваъда кардаанд, пули табобати Шаҳболро медиҳанд...» Зайтуна Мирзоева гуфтааст: «Ҳамааш ваъда будааст. Ваъдаҳои хушку холӣ».

Ин ҳам дар ҳолест, ки «Озодӣ» рӯзи 6-уми июн ҳам дар бораи кӯмак ба сарбози маъюб матлаберо бо номи «Чанд кило шакару орду нахӯд барои Шаҳбол. Аз кӯмаки молӣ хабаре нест» пахш карда буд. Дар ин матлаб волидони Шаҳбол Мирзоев дар вокуниш ба посухи генерал Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба номаи вакили дифои писарашон гуфта буданд, ки то кунун мақомоти марзбонӣ ваъдаҳои худро иҷро накардаанд. Яъне кӯмакҳои онҳоро ба истиснои ду дафъа ёрие, ки расида ва чанд ампула буд, надидаанд, ки онро низ қабул накардаанд. Ба гуфтаи онҳо, дафъаи дигар чанд кило шакару орду нахӯд овардаанд, вале харҷу сарфи табобати Шаҳбол тақрибан аз ҳисоби худашон пардохта шудааст ва ин кор идома дорад.

Раванди мурофиаи додгоҳӣ оид ба қазияи Шаҳбол Мирзоев дар моҳи июни соли ҷорӣ аз ҷонибӣ расонаҳо, аз ҷумла, торнамои Радиои «Озодӣ», ки нахустсарчашмаи иттилоот оид ба маъюб шудани Шаҳбол буд, ҳамчунин хабаргузориҳои «Озодагон» ва «Азия-Плюс» пайгирӣ мешуд. Масалан, хабаргузории «Озодагон» ҳар як мурофиаи судӣ ва дигар паҳлуҳои қазияро пайгирӣ ва рӯзи 9-уми июн бо номи «Ҷавлон тасдиқ кард, ки Усмоналӣ Шаҳболро латукӯб намудааст», 11-уми июн – «Иқрори Усмоналӣ Ғайратов: Аз кори кардаам 100 бор пушаймонам», 16-уми июн – «Талаби 10 соли зиндон. Ризоияти вакили Шаҳболу эътирози ҳимоятгари Усмоналӣ», 17-уми июн – «3000 сомонии Саймуъмин Ятимов барои табобати Шаҳбол», 18-уми июн – «Суханҳои охирини Усмоналӣ ва Гулрафтор дар додгоҳи ҳарбӣ», 19-уми июн таҳти унвони «9 сол зиндони Усмоналӣ барои латукӯби Шаҳбол» хабару гузоришҳо пахш кардааст.

Бояд гуфт, ки дар ин раванд расонаҳои дигар низ фаъол буданд. Масалан, рӯзи 19-уми июни соли 2014 торнамои Faraj.tj таҳти унвони «Гунаҳкори латукӯби Шаҳбол 9 сол ҳабс шуд» гузорише пахш кардаву аз ҷумла навишт: «Имрӯз, 19-уми июни соли равон, Суди ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе Усмоналӣ Ғайратов, фелдшери қисми низомии №2620-и нерӯҳои марзбонии КДАМ-ро, ки дар латукӯби сарбоз Шаҳбол Мирзоев гунаҳкор дониста мешуд, барои нӯҳ сол равонаи зиндон намуд. Суд Усмоналӣ Ғайратовро тибқи ду банди Кодекси ҷиноӣ - банди 127 - дар хатар мондан ва 373, қисми 2, яъне вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ гунаҳкор дониста, ба 9 соли зиндон маҳкум кард. Ҳамчунин, тибқи қарори суд, Ғайратов ба пардохти товони зарар ба маблағи муодили 200 нишондиҳанда, яъне 8000 сомонӣ муваззаф шудааст. Бо қарори суд, ин фелдшери собиқи қисми низомии нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамчунин бояд беш аз 5700 сомонӣ харҷеро, ки раёсати нирӯҳои марзбонӣ то имрӯз барои табобати Шаҳбол Мирзоев сарф кардааст, баргардонад. Суди ҳарбии гарнизони Душанбе инчунин ҷавобгари дигар - Гулрафтор Ширинова, масъули дорухонаи қисми низомиро, ки дар шаби маъюб шудани Шаҳбол Мирзоев навбатдор будааст, ба 1,5 соли шартӣ ва бо мусодираи 15 дарсади маошаш маҳкум кард. Бар асоси ҳукми додгоҳ, Гулрафтор Ширинова – навбатдори нуқтаи тиббии қисми низомии №2620, як сол аз хидмати ҳарбӣ маҳрум шуда, даҳ дарсади маошаш ба фоидаи давлат рӯёнда хоҳад шуд».

Хабаргузории «Азия-Плюс» дар мавриди ҳукми баровардаи Суди ҳарбии гарнизони Душанбе бо пахши хабари «Ҳукми 9 соли зиндон ба фелдшери гунаҳкор дар маҷрӯҳ шудани сарбоз» ва торнамои Би-би-сӣ ҳам бо нашри гузориши «Муҳоҷими Шаҳбол Мирзоев муҷозот шуд» ҷомеаро аз анҷоми баррасии додгоҳии ин қазия огоҳ карданд.

Қобили зикр аст, ки баъзе қазияҳои дигар низ вобаста ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар моҳи июни соли ҷорӣ таҳти таваҷҷуҳи расонаҳо қарор доштанд. Аз ҷумла, «Озодӣ» рӯзи 5-уми июн дар бораи қазияи марги сарбоз аз ноҳияи Ҳамадонӣ Акмал Давлатов бо номи «Парвандаи “нон дар гулӯ” ба додгоҳ рафт» хабар пахш кард.

- Додситони ҳарбии гарнизони Суғд таҳқиқи парвандаи сарбози қисми ҳарбии марзбонии воқеъ дар ноҳияи Мастчоҳ сержанти хурд Давлатов Фаррухро, ки бар асоси моддаи 391, қисми 2, банди «а»-и Кодекси ҷиноятии ҶТ ба «сӯиистифода аз ҳокимият ё мақоми хизматӣ ва аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ё хизматӣ баромадан» айбдор мешуд, анҷом дода, барои муҳокима ба додгоҳи ҳарбии гарнизони Хуҷанд фиристодааст.

Дафтари матбуоти додгоҳи ҳарбии гарнизони Хуҷанд рӯзи 5-уми июн ба «Озодӣ» гуфт, ки ин парванда дар авоили ҳамин ҳафта вориди додгоҳ шуд ва феълан мавриди омӯзиши раёсати додгоҳ қарор дорад. Тавре додгоҳи ҳарбии гарнизони Хуҷанд мегӯяд, сержанти хурди марзбонӣ Давлатов, ки худ аз шаҳри Кӯлоб будааст, рӯзи 17-уми апрел сарбози қатории ҳамин қисми ҳарбии 2850 Акмал Давлатов - зодаи ноҳияи Ҳамадонии минтақаи Кӯлобро бо мушт чунон зарбаи сахт мезанад, ки ӯ нафасгир шуда, дар роҳи беморхона мефавтад. Додгоҳи ҳарбӣ меафзояд, айбдоршаванда Фаррух Давлатов дар ҷараёни тафтишот ба гуноҳи худ иқрор кардааст ва ду шоҳид низ ҳастанд, ки лаҳзаи зарба задани сержанти хурдро бо чашмони худ дидаанд, вале қазовати ниҳоиро додгоҳ хоҳад кард,- навиштааст хабаргузорӣ.

Баъдан дар ин маврид ҳафтаномаи «Озодагон» низ матлабе бо номи «Сержант барои марги Акмали 19-сола дар Мастчоҳ 9 сол зиндонӣ шуд» (№24 (333), аз 25-уми июни соли 2014) ба табъ расонидаву навишт, ки «Додгоҳи низомии Хуҷанд Фаррух Давлатов, сержанти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистонро, ки дар марги ҳамхидматаш – Акмал Давлатови 19-сола айбдор мешуд, ба муҳлати 9 сол равонаи зиндон кардааст. Ин ҳукмро додгоҳ алайҳи сержанти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон рӯзи 19-уми июни соли ҷорӣ содир карда, ӯро дар сӯистифода аз мақому берун баромадан аз ваколати хидматӣ ва зарар расонидан ба саломатии инсон, ки бо марг анҷомидааст, гунаҳкор эълон намуд».

Дилафрӯз Самадова, вакили мудофеи хонаводаи Акмал Давлатов, дар суҳбат бо «Озодагон» гуфтааст, ки рӯзи 17-уми апрели соли ҷорӣ Фаррух Давлатов дар қисми низомии 2850-и нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ се сарбоз, аз ҷумла, Акмалро қатор ва латукӯб кардааст. Дар натиҷа аз зарбаи ногаҳонӣ ба шикам Акмали 19-сола нафасгир шуда, дар роҳ ба сӯи беморхона ҷон додааст.

Охирин қазияе, ки дар моҳи июн расонаӣ шуд, оид ба муносибати хушунатомези корманди милиса бо як савдогар аст. Дар ин бора 29-уми июни соли ҷорӣ «Озодӣ»  таҳти унвони «Латукӯби Сорбон ҳангоми тарбузфурӯшӣ аз сӯи пулис» хабар пахш кард.

- Пайвандони як донишҷӯ дар Душанбе аз як афсари милиса шикоят доранд, ки ҳамроҳи 5 шарикаш писари онҳоро ҳангоми тарбузфурӯшӣ латукӯб кардаанд. Пайвандони Қаноатзода Сорбони Тағдиршо, донишҷӯи соли чоруми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мегӯянд, ки ӯ дар маҳаллаи 33-юми пойтахт аз тарафи Низом Баротов, корманди шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ латукӯб шудаааст, - иттилоъ додааст ин расона.

Тағдиршо Тағдиров, корманди Хадамоти давлатии назорати соҳаи маорифи назди Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар суҳбат бо «Озодӣ» гуфтааст, ки писараш Сорбони Тағдиршо дар маҳаллаи 33-юм тарбуз мефурӯхт ва «соатҳои даҳи шаби 24-уми июн корманди шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ Низом Баротов ҳамроҳ бо 5 тани дигар дар мошини тамғаи «Тойота Прадо» омада, бо фарзандаш вориди баҳс мешавад. Дар пайи ин баҳс онҳо Сорбонро бо кастетҳо латукӯб мекунанд». Ба гуфтаи ӯ, бар асари зарбу лат косахонаи сари фарзандаш – Сорбон сахт осеб дида, дар бинои 5-уми беморхонаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе таҳти муолиҷаи пизишкон қарор гирифтааст.

Тағдиршо Тағдиров мегӯяд, ки алайҳи Низом Баротов, корманди шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ ба Додситонии ноҳияи Сино – маҳаллаи ин ҳодиса расман шикоят бурдааст.

Котиботи Додситонии ноҳияи Сино дар суҳбат бо «Озодӣ» ворид шудани аризаи шикоятӣ аз номи Тағдиршо Тағдировро тасдиқ карда, гуфтаанд, ки ин қазияро муфаттишони шуъбаи корҳои дохилии Сино-1 таҳқиқ доранд.

Вобаста ба масоили ҳуқуқи инсон созмонҳои ҷамъиятию байнулмилалӣ дар ҳамдастӣ бо мақомоти давлатӣ фаъолияти назаррас мебаранд. Ба гунаи мисол, торнамои NoTorture.Tj  рӯзи 6-уми июн бо пахши матлабе таҳти унвони «Омӯзиш барои табибон ва ҳуқуқшиносон» аз ташаббуси муштараки Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ва Маркази ҳуқуқи инсон дар мавриди баргузор кардани давраи омӯзишӣ баҳри табибони рӯҳшинос, мутахассисони Маркази ҷумҳуриявии ташхиси судии тиббӣ, судяҳо, кормандони додситонӣ ва адвокатҳои ҷумҳурӣ аз рӯйи меъёрҳои Протоколи Истанбул иттилоъ дод.

Дар ин хабар шарҳи санади байнулмилалии дахлдор низ оварда шудааст: «Протоколи Истанбул дастури самараноки тафтиш кардану санадсозии далелҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмонаву муҷозот мебошад. Дар он принсипҳои роҳбарикунандаи баҳогузории вазъи ҷабрдидаҳои эҳтимолии шиканҷаву муносиботи бераҳмона, ҳамчунин пешниҳоди натоиҷи чунин баҳогузорӣ аз ҷониби мақомоти судӣ ва мақомоти дигари давлатӣ, ки барои тафтиши далелҳои шиканҷа масъуланд, зикр ёфтаанд. Протоколи Истанбул - ин натиҷаи заҳмати сесолаи кори таҳлилии 75 коршиноси соҳаи тиб ва ҳуқуқи инсон мебошад, ки аз 40 ташкилоту муассисаи 15 кишвари ҷаҳон намояндагӣ мекарданд. Соли 1999 санади мазкурро СММ ба мақсади ба мамлакатҳо додани дастури амалии санадсозии самараноки далелҳои шиканҷа қабул кардааст. Протоколи мазкур имкон медиҳад, ки далелҳои шиканҷа ва муносиботи бераҳмона ба хотири таъмини адолати судӣ ошкору ифшо карда шаванд».

NoTorture.Tj