Даъвои ҷуброн барои шиканҷа ва таваҷҷуҳи коршиносони украинӣ

Даъвои ҷуброн барои шиканҷа ва таваҷҷуҳи коршиносони украинӣ

Моҳи октябри соли 2014 расонаҳои ватанӣ ба инъикоси қазияҳои давомдори вобаста ба шиканҷа идома доданд, аммо дар ин моҳ низ атрофи ҳодисаҳои нав баррасиҳо сурат гирифт.

Хабаргузории «Озодӣ» санаи 2-юми октябр таҳти унвони «Шаҳбол ба дармонгоҳ баргашт» хабари муфассалеро пешкаши хонанда кард, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Шаҳбол Мирзоев, сарбози маъюбшудаи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистонро баъди ҳудуди 1 моҳ нигоҳубин дар манзили зисташ дар ноҳияи Ашт бо машварати табибон рӯзи 1-уми октябр барои идомаи табобат дубора ба дармонгоҳи шаҳри Хуҷанд оварданд».

Худи Шаҳбол Мирзоев ба «Озодӣ» гуфтааст, ки ҳоло ҳаракати дастонаш аз пештара беҳтар шудааст ва метавонад мобилро гирифта, рақам чинаду сӯҳбат кунад.

- Пойҳоямро ҳам ҳис мекунам ва ба ҳаракат дароварда метавонам. Вале ҳоло рост истода наметавонам. Як бор табибон дар хонаамон маро рост карданд, аммо худамро рост дошта ва қадам гузошта натавонистам. Аммо дар аробача шишта метавонам ва акнун маро ба берун ҳам мебароранд,- афзудааст ӯ.

Рӯзномаи «Азия-Плюс» ҳам дар нашри душанбегии худ дар ин маврид хабаре бо номи «Шаҳбол Мирзоев дар маркази офиятбахшии Хуҷанд ба табобат фаро гирифта шуд» (№76 (959), аз 6-уми октябри соли 2014) ба табъ расонида, навишт: «Хизматчии ҳарбии 23-сола Шаҳбол Мирзоев, ки аз дасти фелдшери қисми низомии №2026-и ноҳияи Рӯдакӣ Усмон Ғайратов зарар дида буд, барои идома додани табобат ба маркази офиятбахшии Хуҷанд баргашт».

Ёдовар мешавем, Шаҳбол Мирзоеви 22-сола, сокини ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт, ки тирамоҳи соли 2013 баъди хатми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд довталабона ба хидмати артиш рафта буд ва дар қисми низомии нерӯҳои марзбонӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ хидмат мекард, дар моҳи марти соли равон, ба гуфтаи наздиконаш, бар асари латукӯб аз тарафи ҳамхидматаш Усмоналӣ Ғайратов маъюб шуд. У. Ғайратов, гумонбари асосӣ дар бадрафторӣ нисбат ба Шаҳбол Мирзоев дар моҳи июн ба 9 соли зиндон маҳкум шуд. Аммо додгоҳ дар масъалаи пардохти товони табобати ин сарбози марзбон, ки ба гуфтаи волидонаш, қариб 50 000 долларро ташкил медиҳад, ҳукми мушаххасе набаровард.

Яке аз қазияҳои дигари давомдор ҳодисаи фавти шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия буд, ки моҳи октябр низ дар расонаҳои дохилӣ ба таври васеъ инъикос ёфт.

Санаи 3-юми октябр хабаргузории «Озодагон» гузорише бо номи «Бародари Фаррух Урозов: Пулисҳо фарёди ҷонкоҳашро мешуниданду коре накарданд» пахш карда, аз ҷумла навишт: «Кумитаи байниминтақавии мубориза бо шиканҷа дар Русия дар такя ба далелҳо ва нишондоди шоҳидон мегӯяд, ки Фаррух Урозов, шаҳрванди Тоҷикистон дар пайи бадрафтории маъмурини пулиси шаҳри Солнечногорск фавтидааст. Ин созмон мегӯяд, ки бо дархости Илҳом Алихонов, бародари Фаррух ба таҳқиқи марги ӯ дар идораи пулиси Солнечногорск пардохтаанд, вале нишондодҳои то ҳозир ҷамъкардаашон аз он шаҳодат медиҳад, ки ӯ дар пайи латукӯб мурдааст».

Ин хабаргузорӣ ба қавл аз дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Русия менависад, ки як майор, сардори шуъбаи куфтукови ҷиноии Солнечногорск ва тобеинаш - капитану лейтенанти калон боздошт гардидаанд. Ба иттилои манбаъ, ин афрод Фаррухро ба иттиҳоми таҷовуз ба номуси як духтар дар Солнечногорск, ки бегоҳи 17-уми сентябр рух додааст, боздошт карда, мавриди латукӯб қарор додаанд. Дар натиҷа шаҳрванди Тоҷикистон шаби 17 ба 18-уми сентябр дар роҳрави шуъбаи пулис ҷон бохта, кормандони ёрии таъҷилии тиббӣ марги ин муҳоҷирро тасдиқ кардаанд. Сипас, Ҷасади Фаррух Урозов, зодаи ҷамоати Ғайрати ноҳияи Фархор, ба зодгоҳаш интиқол дода шуда, дафн гардидааст.

Баъдан, санаи 6-уми октябр торнамои NoTorture.Tj дар бораи ба таҳқиқи омилҳои марги Фаррух Урозов пардохтани ҳуқуқшиносони шуъбаи байниминтақавии ташкилоти ҷамъиятии «Кумитаи зидди шиканҷа» гузорише пахш намуд ва дар пайи он таҳти унвони «Вокуниши ҳуқуқшинос ба шиканҷаи як тоҷик дар Русия» шарҳи ҳуқуқшиноси тоҷик Шокирҷон Ҳакимовро низ оид ба ин қазия ҷой дод.

Ҳуқуқшинос вобаста ба омилҳои асосии ба миён омадани шиканҷа суҳбат карда, аз ҷумла гуфтааст: «Сатҳи пасти дониши кормандони мақомоти таҳқиқоту тафтишот, риоя нашудани тартиби муқарраркардаи кодекси мурофиавӣ, хусумати шахсии миллатгароӣ ва истифода аз латукӯб ҳамчун воситаи осони гирифтани нишондоди ба муфаттиш зарур омилҳои асосии мавриди шиканҷа қарор гирифтани шаҳрванди Тоҷикистон дар қаламрави Русия мебошанд. Боиси таассуф аст, ки чунин муносибати ғайриинсониро мақомоти марбутаи ҳифзи ҳуқуқи онҳо шояд аз бетафовутӣ ва нишон надодани аксуламали ҷиддӣ аз ҷониби сафоратхона ва намояндагиҳои ваколатдори дигар идораю муассисаҳои расмии Тоҷикистон мувофиқи мақсад донистаанд».

Ба қавли ҳуқуқшинос, бо назардошти он, ки ҳодисаи мазкур дар қаламрави Русия содир шудааст, муроҷиати шаҳрвандони мо ба додгоҳи аврупоию байнулмилалӣ баъди баррасии парванда бояд сурат бигирад ва пайвандони марҳум бояд ба муассисаҳои марбутаи ҳифзи ҳуқуқи инсон муроҷиат карда, манфиатҳояшонро ҳимоя созанд.

Як рӯз баъд аз ин, 7-уми октябр, хабаргузории «Озодагон» бо пахши матлабе таҳти унвони «Нашри аксҳои осори латукӯби Урозов дар идораи пулис» хабар дод, ки Кумитаи байниминтақавии мубориза бо шиканҷа дар Русия аксҳои ҷасади Фаррух Урозови дар идораи пулиси шаҳри Солнечногорск фавтидаро нашр кардааст.

- Ин созмон дар такя ба акс ва дигар асноду нишондодҳои ҷамъкардааш мегӯяд, ки Фаррух Урозов дар пайи бадрафтории маъмурини пулиси шаҳри Солнечногорск фавтидааст. Кумитаи зидди шиканҷа бо дархости Илҳом Алихонов, бародари Фаррух ба таҳқиқи марги ӯ дар идораи пулиси Солнечногорск пардохтааст, ки феълан идома дорад,- навиштааст хабаргузорӣ.

Дар ҳамин маврид ҳафтаномаи «Фараж» низ мақолае бо номи «Русия: Марги тоҷик дар пайи латукӯб» (№41 (410), аз 8-уми октябри соли 2014) ба табъ расонид. Ин ҳафтанома баъд аз ёдовар шудани ҳолати қазия назди коршиносон чанд суол гузоштааст, ки «Чаро мақомоти пулис ҳангоми бозпурсии нафаре аз шиканҷа кор мегиранд?! Магар онҳо бо дигар роҳ наметавонанд бозпурсӣ кунанд? Бо ин роҳ онҳо танҳо заифии касбияти худро нишон намедиҳанд?».

Ҳуқуқшиноси тоҷик Раҳматилло Зойиров дар посух ба ин суолҳо гуфтааст, ки байни мақомот низ зиддиятҳо вуҷуд доранд. Ба қавли ӯ, агар Илҳом Алихонов ва адвокати онҳо ин зиддиятҳоро истифода бурда тавонанд, шояд гунаҳкорони қазия ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

- Агар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз боло супориш нагирифта бошанд, объективона ҳал шудани масъала имкон дорад. Лекин, агар аз боло супориш шуда бошад, онҳо коре мекунанд, ки худи ҷабрдида гунаҳкор карда шавад ва супориши аз боло гирифта иҷро гардад,- афзудааст Р. Зойиров.

Аммо вакили парлумон Маҳмадалӣ Ватанов гуфтааст: «Шахсе, ки ба ин амал роҳ додааст, ҳатман ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Модоме, ки созмони расмии Русия дар хусуси ҷой доштани шиканҷа ҳарф мезанад, ягон далеле дар даст дорад ва ман боварӣ дорам, ки бе асос ягон мақоми расмӣ чунин изҳорот намедиҳад».

Дар ҳамин ҳол, сиёсатшиноси тоҷик Парвиз Муллоҷонов гуфтааст, ки «ин масъала на танҳо ба тоҷикон, балки ба мардуми рус низ вобастагӣ дорад, чун дар бисёр ҳолат худи русҳо низ аз будани шиканҷа шикоят мекунанд. Дар кишвари Русия ҷомеашиносон ва ҳуқуқшиносон бар он назаранд, ки пулис ислоҳотро то ҳол нагузаронидааст, ислоҳоти пулис пурра нест ва шиканҷа - ин яке аз услубҳои асосии кор мебошад. Чанд шаҳрванди Русия ҳам дар 5 соли охир аз шиканҷа фавтидаанд. Дар ягон ҳолат кормандони пулис ба ҷавобгарӣ кашида нашудаанд. Ҳатто барои шиканҷаи шаҳрвандони рус. Ман шубҳа дорам, ки барои қазияи шаҳрвандони дигар кишварҳо онҳо ба ҷавобгарӣ кашида шаванд».

Қазияи дигар, ки дар моҳи гузашта расонаӣ шуд, марбут ба хизматчиёни ҳарбӣ буд. Санаи 7-уми октябр хабаргузории «Азия-Плюс» хабаре бо номи «Ду марзбон барои латукӯби ҳамхизмати худ маҳкум шуданд» пахш карда, иттилоъ дод, ки Суди ҳарбии гарнизони Хатлон ду нафар хизматчии қисми ҳарбии 2931-и нерӯҳои марзбонии ҷумҳуриро барои латукӯби бераҳмонаи ҳамхизматашон маҳкум сохтааст.

Судяи Суди ҳарбии гарнизони Хатлон Мирмахсумиён Исмоил ба «Азия-Плюс» гуфтааст, ки 25-уми июли соли 2014 хизматчиёни қисми ҳарбии 2931-и нерӯҳои марзбонии мустақар дар ноҳияи Шӯрообод - Сайёд Исмоилов ва Рамазон Сафаров дар майдони варзишии дастаи марзбонии «Баҳористон» ҳамхизмати худ Нарзулло Саидовро мавриди таҳқир қарор дода, вале ба ин ҳам қаноат накарда, С. Исмоилов ӯро бо гантели варзишӣ ба сараш ва Р. Сафаров бошад, бо қундоқи автомат зарба мезананд, ки дар натиҷа ӯ беҳуш шуда, ба госпитал мунтақил мегардад.

Дар ин маврид торнамои NoTorture.Tj ҳам хабаре бо унвони «Хатлон: Маҳкумияти ду хизматчии ҳарбӣ барои латукӯби ҳамхизматашон» пахш кард.

Ба иттилои ин торнамо, нисбати С. Исмоилов ва Р. Сафаров бо дастрасии қисми 2-и моддаи 373-и Кодекси ҷиноятии ҶТ (вайрон кардани қоидаҳои муносибат миёни хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳолати мавҷуд набудани муносибатҳои зертобеӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, дар рафти мурофиаи судӣ гуноҳи ҳарду судшаванда тасдиқ гардидаву суд ҳар кадоми онҳоро 2-солӣ аз озодӣ маҳрум кардааст.

Тавре қаблан зикр кардем, дар моҳи октябр ҳам сарусадо оид ба қазияҳои нави марбут ба шиканҷа вуҷуд дошт. Санаи 22-юми октябр торнамои NoTorture.Tj бо истинод ба хабаргузории «Азия-Плюс» хабаре таҳти унвони «Чор судшаванда аз мавҷудияти шиканҷа хабар доданд» пахш кардаву навишт, ки чор нафар судшаванда, ки бо моддаи «тамаъҷӯӣ» гунаҳкор дониста мешаванд, дар рафти мурофиаи судӣ дар шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат аз истифода гардидани шиканҷа нисбаташон ҳангоми тафтишоти пешакӣ хабар додаанд.

- Тавре ба «Азия Плюс» волидони яке аз судшавандаҳо - Ҷамшед Нарзуллов гуфтааст, «баҳори ҳамин сол писари онҳо ба шиноси худ Қудратулло Назаров ба маблағи 3 ҳазор доллари ИМА қарз медиҳад ва рӯзи 1-уми май бо дӯстонаш Ҷумъа, Алишер ва Саид бо мақсади баргардонида гирифтани қарз ба вохӯрӣ бо қарздор мераванд. Ҷумъа тариқи телефон бо Қудратулло дар бораи вохӯрӣ ва баргардонидани қарз маслиҳат мекунад. Аммо рӯзи 6-уми май Ҷамшед ва се шиноси ӯ - Ҷумъа, Алишер ва Саидро корамандони шӯъбаи шашум боздошт карда, ба бинои бахши мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили шаҳри Ваҳдат бурданд. Ба ҳамаи онҳо тибқи моддаи 250 (тамаъҷӯӣ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ айб эълон мекунанд ва барои он, ки дар бораи тамаъ кардани 3 ҳазор доллар нишододи худиқроркунӣ бигиранд, ба тани писари ман оби ҷӯш мерезанд, ба дастонаш ҷараёни барқ мегузоранд ва ба сараш халта кашида, ба баданаш зарба мезананд. Се нафар рафиқи ӯ низ дар суд оид ба шиканҷа шуданашон нишондод доданд,- менависад торнамо.

Ба иттилои торнамо, волидони Ҷ. Нарзуллоев дар пайи муроҷиат ба Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон хостори кӯмаки ҳуқуқӣ ва таъмин кардани вакили мудофеъи иловагӣ шудаанд. Онҳо аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дархост доранд, ки далели истифода шудани шиканҷаро нисбати писарашон воқеъбинона тафтиш кунанд.

Дигар қазияи вобаста ба шиканҷа паҳн шудани хабари латукӯби як нафар мӯйсафед буд. Санаи 24-уми октябр торнамои Faraj.tj хабари васеъ таҳти унвони «Бадахшон: Мӯйсафеди 71-соларо раиси ҷамоат латукӯб кардааст» пахш карда, навишт: «Шанбе Салимшоев, мӯйсафеди 71-сола аз ҷамоати Вери ноҳияи Шуғнони Бадахшон, мегӯяд, ки 22-юми октябри соли равон Носир Суриев, раиси ҷамоат, ҳамроҳ бо Орзу Суриев, нозири минтақавии милиса, дар идораи ҷамоат ӯро латукӯб кардаанд».

Ҷабрдида, ки 43 сол ба ҳайси роҳтозакун (грейдерист) дар муассисаи нигоҳдории роҳҳои мошингарди Вазорати нақлиёт кор карда, айни замон нафақахӯр будааст, сабаби латукӯб шуданашро ба Faraj.tj чунин шарҳ додааст: “Бо коре ба Хоруғ рафта будам ва баъди бозгашт ба назди раиси ҷамоати Вери ноҳияи Шуғнон Носир Суриев даромадам. Аз раис хоҳиш кардам, ки барои набераи 5-моҳаам шаҳодатномаи таваллуд диҳад. Вале раиси ҷамоат бо қаҳр гуфт, ки варақаи шаҳодатнома надораду ҷанҷол бардошта, аз идорааш ронд. Аммо баъдтар, вақте ҳамдеҳаҳо гуфтанд, ки аз шаҳри Душанбе варақаи шаҳодатнома овардаанд, дубора ба назди раиси ҷамоат рафтам. Аммо Носир Суриев дар кабинеташ танҳо набуд, нозири минтақавии милисаи ҷамоати деҳоти Вер Орзу Суриев низ дар он ҷо буд. Вақте пурсидам, ки барои набераам шаҳодатномаи таваллуд гирифтан метавонам ё не, корманди милиса ба сарам дод зад, ки “чаро барои ҳалли як мушкили кӯчак 10 маротиба ба назди раиси ҷамоат меоӣ?!”. Баъд маро кашолакунон аз кабинети раиси ҷамоат бароварду ба дигар кабинет даровард ва ҳамроҳ бо раиси ҷамоат маро сахт латукӯб карданд. Аз зарбаҳои бераҳмонаи онҳо ман беҳуш шудам ва вақте ба худ омадам, ронандаи раиси ҷамоат маро аз мошинаш фуроварду дар назди хонаам партофта, гурехта рафт. 2 рӯз мисли девонаҳо будам ва танҳо мехостам, ки худкушӣ кунам, ҳамеша худамро ба дор овехтанӣ будам, намедонам, чаро? Лаҳзае, ки ба болои бом баромадаму худро овехтанӣ шудам, хешовандонам огоҳ шуда, маро аз марг наҷот доданд. Нав ба худ омадаму воқеаи рӯйдодаро ба аҳли хонаводаам нақл кардам”.

Ба қавли ин торнамо, дар мақомоти корҳои дохилии ноҳияи Шуғнон аз ҳодисаи рухдода изҳори бехабарӣ кардаанд.

Аммо дар гузорише, ки рӯзномаи «Азия-Плюс» таҳти унвони «Сокини солманди Шуғнон оид ба латукӯб аз ҷониби нозири минтақавӣ хабар дод» (83 (966), аз 30-ми октябри соли 2014) ба нашр расонид, назари нозири минтақавии ҷамоати Веви ноҳияи Шуғнон Орзу Суриев ҷой дода шудааст. ӯ гуфтааст, ки «Ш. Саломшоев дар шӯъбаи САҲШ дар ҳолати мастӣ пайдо мешавад ва бо корди дасташ ба кормандон таҳдид мекунад. Дар муносибат бо занҳо бошад, ба таври ношоиста рафтор мекунад. Маро даъват карданд ва чун ман барои тартибот ҷавобгӯям, вазифадор будам дахолат кунам. Ман аз мӯйсафед дархост кардам, ки дар утоқи кориам ҳозир шавад, вале ӯ рад кард. Лозим омад ӯро бо зӯрӣ ба шӯъбача барам, ки дар наздикӣ воқеъ аст. Вале ӯро касе латукӯб накардааст. Агар латукӯб мекарданд, доғҳо мемонд. Инро даҳҳо нафаре, ки онҷо буданд, метавонанд тасдиқ кунанд».

Ба навиштаи ин нашрия, муовини сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳии Шуғнон Фарҳод Гулбеков аз ин ҳолат танҳо баъди занги телефонии рӯзноманигори «Азия-Плюс» огоҳ шуда, гуфтааст: «Ман ба ин ҷамоат меравам ва бо худи зарардида суҳбат мекунам. Аз натиҷаи сафарам ба шумо хабар медиҳам».

Вале торнамои Faraj.tj санаи 30-юми октябр хабар дод, ки «Мӯйсафеди латукӯбшударо дар беморхона қабул накарданд». Ба навиштаи ин торнамо, чун Шанбе Салимшоевро дар беморхонаи вилоятии Бадахшон дар шаҳри Хоруғ барои табобат қабул намекунанд, хешовандони ҷабрдида маҷбур мешаванд ӯро субҳи 30-юми октябр аз Хоруғ ба Душанбе биёранд.

- Салимшоев бо таассуф гуфт, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Бадахшон барои аз ташхиси тиббӣ гузаштани ӯ монеъ шуданд. Аз ин рӯ, хешовандонаш мӯйсафедро ба Душанбе оварданд, то аз ташхиси тиббӣ гузашта, натиҷаашро ба мақомоти дахлдор барои пайдо кардани гунаҳкорон пешниҳод созанд,- зикр мекунад торнамо.

Бояд гуфт, ки дар моҳи октябр як ҳолати аз мақомот талаб кардани ҷуброни зарари маънавӣ низ расонаӣ шуд. Санаи 31-уми октябр торнамои NoTorture.Tj дар саҳфаи худ маводи чандрасонаиро бо номи «Ҳимоятгарон аз ВКД ҷуброни зарари маънавӣ талаб доранд» пахш кард, ки оид ба ҳамин масъала баҳс мекунад.

- Ахиран як сокини деҳаи Қулободи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Маҳмадсаид Қаюмов ҳодисаи дуздии мағозаи бародараш ва дар пайи он, рӯзи 29-уми июни соли 2012 зимни бозпурсӣ аз сӯйи Машраф Алиев, корманди собиқи ШВКД-и ноҳияи Ёвон мавриди шиканҷа қарор гирифтани писараш Х.М.-и 18-солаву қасди худкӯшӣ кардани ӯро қисса кард. Маҳмадсаид Қаюмов дар як давраи омӯзишӣ барои рӯзноманигорон таҳти унвони “Ҳуқуқи инсон ва озодӣ аз шиканҷа”, “Иқдомҳо бар зидди шиканҷа дар Тоҷикистон ва Қазоқистон”, ки аз ҷониби Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷа дар Тоҷикистон аз 28-ум то 30-юми октябри соли равон дар Душанбе доир карда шуд, ба ҳайси яке аз пайвандони нафари шиканҷашуда даъват гардида буд,- навишт ин торнамо.

Лозим ба ёдоварист, ки нисбати Машраф Алиев, корманди собиқи милиса, 3-юми майи соли 2012 дар асоси моддаҳои 143 қисми 1, (шиканҷа), 109 (ба худкушӣ расонидани ноболиғ) ва 316 (баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуд. 11-уми декабри соли 2013 додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа бо судури як қарор маъмури пешини шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ёвон Машраф Алиевро барои 7 сол равонаи зиндон кард. Илова бар ин, додгоҳ барои табобати ҷабрдида 1619 сомонӣ ҷарима таъин намуд.

Аммо, ба навиштаи торнамо, ба назари вакилони мудофеъи Х.М., муҳлати таъйинкардаи додгоҳ нисбати Машраф Алиев қонеъкунанда нест. Гулчеҳра Холматова, яке аз вакилони дифоъи Х.М. гуфтааст, ки "7 соли маҳрумият аз озодӣ нисбати Машраф Алиев ҷазои бисёр сабук буд, зеро озодӣ аз шиканҷа дар Тоҷикистон ҳаққи мутлақ ба ҳисоб меравад ва шиканҷа худ як ҷинояти вазнин аст".

Ба иттилои торнамо, вакилони мудофеъи Х.М. гуфтаанд, ки барои рӯёнидани ҷуброни зарари манънавӣ ба маблағи 50 ҳазор доллари амрикоӣ, муъодил ба 260 ҳазор сомонӣ, аз болои Вазорати корҳои дохилӣ ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аризаи даъвогӣ пешниҳод хоҳанд кард. Ба қавли вакилони дифоъ, ҳаҷми маблағро коршиносони украинӣ муайян кардаанд.

Зимнан, охири моҳи гузашта боз дар бораи маҳбасу маҳбус хабар интишор гардид. Хабаргузории «Озодагон» бо пахши як хабар таҳти унвони «Додгоҳи Олӣ даъвои додситониро алайҳи "Қорӣ" рад кард» навишт, ки Раёсати Додгоҳи олии Тоҷикистон эътирози Додситонии кулро барои бозпас гирифтани парвандаи Садриддин Тошев, мулаққаб ба "Қорӣ" рад кардааст.

Файзиснисо Воҳидова, вакили дифои Тошев дар суҳбат бо «Озодагон» гуфтааст, ки қаблан Додгоҳи олӣ ҳукми Додгоҳи шаҳри Хуҷанд алайҳи Садриддин Тошевро, ки 9,5 сол хонда шуд, барои баррасии дубора ба ҳамин додгоҳ фиристод, ки эътирози Додситонии кулро ба миён гузошт. Ба гуфтаи ӯ, талаби Додситонии кул ин аст, ки ҳалномаи Додгоҳи олӣ оид ба лағви ҳукми додгоҳи Хуҷанд дар мавриди парвандаи Садриддин Тошев бекор карда шавад. Вале баъд аз баррасӣ ин эътирози додситонӣ аз ҷониби Додгоҳи олӣ рад карда шуда, парвандаи Тошев, ки дар пайи эътирози Додситони кул ба Душанбе интиқол ёфт, боз ба Хуҷанд барои баррасии дубора баргардонида мешавад.

Бояд гуфт, Садриддин Тошев, ки дар марги Ҳамза Икромзода яке аз шоҳидони аслӣ ба шумор мерафт, ҳамроҳ бо Суннатуло Ризоев, маҳбуси дигари тоҷик барои паҳн намудани тақрибан ҳафт навори видеоӣ дар бораи шиканҷаи зиндониёни Хуҷанд айбдор шуда, мутаносибан 7 ва 9-солӣ ҳукми зиндон гирифтанд. Аммо ҳамагӣ баъд аз чанд рӯзи бекор шудани ин ҳукм аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон ва фиристодани парвандаи ӯ барои баррасии дигарбора, мулоқоти Тошев бо рӯзаноманигорон дар зиндони рақами 1-и шаҳри Душанбе баргузор шуд. Садриддин Тошев дар суҳбат бо рӯзноманигорон тамоми наворҳои пахшшуда дар бораи вуҷуди шиканҷа дар зиндонҳои Тоҷикистонро сохтакорӣ хонда, гуфт, ки ин ҳама дар асоси нақшаи як гуруҳи манфиатдор сурат гирифта буд.

NoTorture.Tj