Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар моҳҳои май - июни соли 2017 расонаҳо қазияҳои марбут ба шиканҷа ва чорабиниҳои вобаста ба пешгирии онро ба таври васеъ инъикос карданд.
Рӯзи 1-уми май хабаргузории «Озодагон» хабаре таҳти унвони «Муроҷиатномаи модарон аз Рушон ба Президент: 17 сарбозро аз даст додем» пахш карда, аз ҷумла навишт: «Як гуруҳ модарон дар пайи ҳалокати сержант Эҳсон Илчибеков, зодаи ноҳияи Рушон дар шаҳри Душанбе хостори таъмини тартибот дар қисмҳои низомии кишвар гардиданд. Дар муроҷиатномаи модарон аз ноҳияи Рушон ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон омадааст, ки аз соли 1993 то ҳол дар қисмҳои низомии кишвар дар пайи бемасъулиятию бенизомиҳои роҳбаронашон танҳо аз ноҳияи Рушон 17 сарбоз ба ҳалокат расидаанд».
Ҳафтаномаи «Фараж» бошад, ин муроҷиатномаро бо номи «Модарон аз Рушон: 17 сарбоз ба ҳалокат расидаанд» (№18 (544), аз 3-юми майи соли 2017) нашр кард.
- Муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, модарони тоҷик дар даврони Ҳукумати Шӯравӣ бо шодмониву хурсандӣ, бо созу мусиқӣ ва ҳисси ифтихори баланд, ки фарзандонашон ба синни мардонагӣ расидаанд, ҷигарбандонашонро бо ашки шодӣ ба сафҳои Артиши Шӯравӣ гусел менамуданд ва он лаҳзаҳо, он ашкҳои хурсандиро Шумо, муҳтарам Пешвои миллат низ хуб дар ёд доред, вақте дуои модар гирифта, барои хизмати 3-сола аз остонаи хонаатон бо ҳиссиёти саршор аз ифтихори ватандорӣ берун рафтед ва ба ёд биёред, вақте хизмати Ватанро сарбаландона анҷом дода, ба зодгоҳатон баргаштед ва модари тоҷик боз ҳам дар остонаи хона Шумо - сарбози шарафманди Ватанро ба оғӯш гирифта, аз суруру ифтихор ашк мерехт. Акнун тасаввур кунед ҳоли зори модареро, ки бо умед ҳар лаҳзаву соату рӯз чашминтизорӣ ба сӯйи остонаи дар дорад, вале дар рӯзи таҷлили Артиши Миллӣ фарзанди таҳамтанашро бо ҷисми беҷон оварда, пеши остонаи хона мегузоранд ва модар ӯро ба оғӯш гирифта, боз ҳам ашк мерезад, вале ашки хунин,- аз ҷумла омадааст дар муроҷиатномаи модарон.
Дар ҳамин ҳол, ҳафтаномаи «Озодагон» таҳти унвони «Афсари тоҷик барои марги ҳамхидматаш 2 сол зиндонӣ шуд» (№17 (472), аз 3-юми майи соли 2017) матлабе ба табъ расонида, иттилоъ дод, ки «Додгоҳи низомии вилояти Хатлон Алишери Абдуқодир, «прапоршик»-и қисми марзбонии «0307», воқеъ дар ноҳияи Ҳамадониро дар марги ҳамхидматаш Умедҷон Ҳасанов гунаҳкор дониста, 2 сол аз озодӣ маҳрум кард».
Санаи 10-уми май торнамои Радиои «Озодӣ» матлабе таҳти унвони «Шикояти модари Ҷаҳонгир Қурбонов аз ҳукми лейтенант» пахш кард, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Рухсора Ҷӯрахонова, модари сарбози ҳалокшудаи тоҷик Ҷаҳонгир Қурбонов аз болои ҳукми Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе ба Додгоҳи Олии Тоҷикистон шикоят кардааст. Ин масъала рӯзи 11-уми май баррасӣ хоҳад шуд. Ҳукми Ёрибек Саидов, лейтенанти қисми ҳарбии 2747 дар Душанбе, охири моҳи марти имсол эълон ва ӯ барои 9 сол равонаи зиндон гардид. Наздикони Ҷаҳонгир Қурбонов ин ҳукмро нокофӣ хонда ва гуфтанд, ки Додгоҳи Олии Тоҷикистон бояд қазияро ҷиддан баррасӣ кунад. Рухсора Ҷӯрахонова ҳам мегӯяд, лейтенант Саидов бар асоси моддаи "баромадан аз ҳадди ваколати хизматӣ" муҷрим шинохта шуда, вале моддаи "шиканҷа" аз парвандаи ӯ бардошта шудааст. Қаблан айбдоркунандаи давлатӣ Ёрибек Саидовро барои "тамаъҷӯӣ" ва "вайрон кардани баробарҳуқуқии шаҳрвандон" низ муттаҳам дониста ва барояш 14 соли зиндон хоста буд. Айбдоркунандаи давлатӣ гуфта буд, рӯзи 9-уми сентябри соли 2016 ҳангоми навбатдории Ҷаҳонгир Қурбонов ва ҳамхизматаш Меҳроҷиддин Беҳзод дар қисми низомии 2747-и шаҳри Душанбе як гармкунаки барқӣ - “радиатор” гум мешавад. Дар пайи ин, Ёрибек Саидов, лейтенанти ин қисми низомӣ сарбозонро дашном медиҳад ва дар пайи фишори Саидов рӯзи 11-уми сентябри соли 2016 гӯё Ҷаҳонгир Қурбонов худро дар дохили анбори ҳезуми қисми ҳарбӣ ба дор меовезад. Вале волидони Ҷаҳонгир Қурбонов мегӯянд, онҳо бо ҳукми ин ки писарашон худкушӣ кардааст, розӣ нестанд. Онҳо иддао мекунанд, ки фарзандашон «кушта шудааст»».
Дар ҳамин маврид хабаргузории «Озодагон» низ рӯзи 10-уми май бо номи «Шикояти модари сарбоз аз ҳукми "сабук"-и гунаҳкори марги писараш» хабар пахш карда, аз ҷумла навишт, ки «модари Ҷаҳонгир Қурбонов, сарбози марҳуми тоҷик аз ҳукми 9 соли зиндон барои муттаҳам дар марги писараш изҳори норозигӣ карда, ба додгоҳи болоӣ шикоят бурдааст».
- Дилшод Ҷӯраев, адвокати наздикони Ҷаҳонгир Қурбонов дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, дар шикояти кассатсионӣ таъкид шудааст, ки ҳукми Додгоҳи ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе нодуруст банду баст шуда, он бекор ва аз сари нав дида шавад. Ҷӯраев қайд намуд, ки дар шикояти кассатсионӣ гап дар бораи кирдорҳои маҳкумшуда Саидов меравад, ки додрас ба он нодуруст баҳои ҳуқуқӣ додааст: “Яъне Ёрибек Саидов бояд тибқи моддаи 143 прим 1, барои тариқи шиканҷа ба марг расонидан ҳукм мегирифт, аммо додгоҳ нисбати ӯ дар асоси моддаи 391, қисми 3 ҳукм баровардааст”,- омадааст дар хабар.
Аммо рӯзи 11-уми май ҳамин хабаргузорӣ, яъне «Озодагон» хабари дигаре таҳти унвони «Радди шикояти модари сарбози марҳум» пахш карда, иттилоъ дод, ки «Коллегияи ҳарбии Додгоҳи Олии Тоҷикистон шикояти кассатсионии модари Ҷаҳонгир Қурбонов, сарбози марҳуми тоҷикро рад намудааст. Дар ин бора Дилшод Ҷӯраев, адвокати наздикони Ҷаҳонгир Қурбонов имрӯз, 11-уми май ба “Озодагон” иттилоъ дода, афзуд, додрас ҳукми додгоҳи зинаи поёниро дуруст ва қонунӣ арзёбӣ кард. Ҷӯраев афзуд, ки наздикони сарбози марҳум тасмим гирифтаанд ба додгоҳи марҳилаи назоратӣ шикоят баранд».
Баъдтар, 18-уми майи соли 2017 торнамои Faraj.tj аз қазияи наве таҳти унвони «Зафари 38-килограмма "облава" шуд» хабар дод.
- Зиёдуллоев Зафар, як нафар сокини шаҳри Панҷакент, ки "облава" гардид, бо вуҷуди бемориҳои зиёд доштан, ҳудуди 10 соат дар Комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент нигоҳ дошта шудааст. Ҳарчанд масъулин "облава" шудани Зафарро инкор кунанд ҳам, вале ӯ қиссаро чунин нақл кард: «Маро соати 9-и саҳари санаи 17-уми май аз даруни маршруткаи хатсайри №5-и шаҳр се нафар доштанд, ки ду нафарашон либоси шаҳрвандиву як нафари дигарашон либоси милиса доштанд. Онҳо маро ба комиссариати ҳарбӣ оварданд. Кормандони комиссариат ва духтурон аз бемориҳои ман аллакай пешакӣ огоҳ буданд, чунки пеш аз ин ҷарроҳӣ шуда будам. Ба ин нигоҳ накарда, аз комиссия гузарониданд. Вақте вазни маро баркашиданд, 39 кг баромад. Онҳо бовар накарда, маро ба бозори марказии шаҳр бурда, онҷо аз нав баркашиданд, онҷо вазнам 38 кг баромад. Боз ба комиссариати ҳарбӣ баргаштем ва маро бо баҳонаҳои зиёд то соати 19-и бегоҳ ҷавоб надоданд»,- омадааст дар хабар.
Ин ҳам дар ҳолест, ки санаи 17-уми май торнамои Notorture.tj таҳти унвони «Дар сурати дучор шудан ба иҳотагирӣ ва меҳтарсолорӣ ба куҷо бояд муроҷиат кард?» матлабе пахш карда, онро чунин шарҳ дода буд: «Инфографика бо суроға ва рақами телефонҳое, ки дар ҳолатҳои иҳотагирӣ (облава) ва муносибатҳои ғайриоинномавӣ тариқи онҳо метавон тамос гирифт, барои ҷавонони синну соли даъватӣ ба артиш, сарбозон ва волидони онҳо муфид хоҳад буд».
Бояд гуфт, ки чунин инфографикаро нашрияи «Азия-Плюс» (№41 (1225), аз 1-уми июни соли 2017) ҳам бо номи «Сарбоз чӣ ҳуқуқ дорад ва чӣ тавр аз меҳтарсолорӣ бояд паноҳ бурд?» ба нашр расонидааст.
Зимнан, торнамои Радиои «Озодӣ» рӯзи 24-уми июн таҳти унвони «3000 сомонӣ ҷуброни зарар ба хонаводаи сарбози кушташудаи тоҷик» матлаб пахш карда, навишт, ки «Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе аз нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба хонаводаи сарбози ҳалокшуда Абдуваҳҳоб Қаюмов 3 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ рӯёндааст. Қаблан ин хонавода аз нирӯҳои марзбонӣ 500 ҳазор сомонӣ ҷуброн талаб карда буд. Масъулони созмони «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» гуфтанд, ки волидони Абдуваҳҳоб аз ин ҳалномаи додгоҳ розӣ нестанд ва дубора шикоят хоҳанд кард».
- Баъд аз ду моҳи хидмат, рӯзи 6-уми июли соли 2015 ҷасади Абдуваҳҳобро ба дасти наздиконаш дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров супурданд. Падари Абдуваҳҳоб кишоварз буда, баъд аз марги фарзанд муддате дар ҳолати “шок” қарор доштааст. Як мақоми нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон гуфт, дар вақти ба ҷазо кашидани сарбозоне, ки Абдуваҳҳоб Қаюмовро латукӯб намуда ва ба ҳалокат расонидаанд, ба мақомоти тафтишот кӯмак карданд. “Дар натиҷа ду сарбоз - Шӯҳрат Ёқубов ва Исмоил Маҳмадёров ба 16 ва 17 сол зиндонӣ шуданд ва як “прапоршик”-и қисми ҳарбӣ барои хунукназарӣ ду сол ҳабс гардид”,- гуфт ин ҳамсуҳбати мо,- омадааст дар ин матлаб.
Дар ҳамин ҳол, санаи 24-уми июн торнамои Notorture.tj аз «Тағйироти мусбат дар самти даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ» хабар дод.
- Баъд аз он, ки Президент расман барои қатъ намудани «облава» даъват ба амал овард, аз ҷониби прокуратураҳои ҳарбӣ назорати риояи равандҳои даъват ба сафи артиш пурзӯр гардида, чанд парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуд ва кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ барои даъвати ғайриқонунии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, инчунин намояндагони комиссияҳои даъват ба сафи артиш барои баҳои нодуруст доданашон ба ҳолати саломатии даъватшавандагон ба ҷавобгарии ҷиноятиву интизомӣ кашида шуданд. Соли охир аввалин бор дар Тоҷикистон таҷрибаи талаб кардани ҷуброни зарари маънавӣ барои қурбониёни меҳтарсолорӣ дар артиш роҳандозӣ гардид. Дар соли 2016 адвокатҳои ДОШ аз рӯйи ду парванда аввалин бор ба Қарор оид ба ҷуброни зарари моддӣ ва маънавӣ барои қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар артиш муваффақ гардиданд. Инчунин, сето чунин парвандаҳо дар марҳилаҳои баррасии судӣ қарор доранд,- аз ҷумла омадааст дар матлаби мазкури ин расона.
Дар моҳи майи соли ҷорӣ расонаҳо аз як мавриди шиканҷа берун аз кишвар низ хабар доданд. Санаи 22-юми май хабаргузории «Озодагон» хабаре бо номи «Адвокати рус: Талош мекунам омилони латукӯби муҳоҷирони тоҷик муҷозот шаванд» пахш карда, аз ҷумла навишт: «Як вакили дифоъ дар Русия ҳимояи ду шаҳрванди Тоҷикистонро бар зимма гирифтааст, ки гуфта мешавад, аз сӯи кормандони пулис мавриди латукӯби бераҳмона қарор гирифтаанд. Ба гуфтаи адвокат Дагир Хасавов, муҳоҷирони тоҷик Абдусамад Маҳмадалиев ва Муҳаммадшариф Давлатзода моҳи феврали соли равон дар ҳолати вазнин ба беморхона оварда шуданд. Ба гуфтаи ӯ, кормандони пулиси Шӯъбаи корҳои дохилии Соколникии шаҳри Маскав ин ду муҳоҷирро мавриди шиканҷа қарор додаанд, то дуздиеро ба гардан бигиранд, ки анҷом надодаанд. “18-уми феврал давоми ду рӯз ин ду тоҷикро пулиси рус ба барқ монда, бо ҳар гуна асбобҳо шиканҷа кардаанд. Вақти латукӯб дастони онҳо баста будааст. Муҳоҷирон, ки ҷинояти дуздиро накарда буданд, гуноҳро ба гардан намегиранд. Баъди беҳуш шудани тоҷикон пулиси рус аз тарс мошини Ёрии таъҷилиро даъват карда, онҳоро ба беморхона интиқол медиҳанд”,- гуфт Хасавов дар сӯҳбат бо “Озодагон”. Вай афзуд, баъди ба ҳуш омадан ин муҳоҷирон ба шӯъбаи пулис, додситонӣ ва чанд мақомоти дахлдор муроҷиат кардаанд, вале касе шикояти онҳоро баррасӣ накардааст».
Дар ҳамин маврид ҳафтаномаи «Чархи гардун» (№22 (1083), аз 31-уми майи соли 2017) ҳам мақолае таҳти унвони «Шиканҷаи бераҳмонаи ду тоҷик дар Маскав» ба табъ расонида, аз ҷумла, дар хотима чунин навиштааст: «Баъди раҳоӣ Абдусамад Маҳмадалиев ва Муҳаммадшариф Давлатзода тасмим гирифтаанд, ки афсарони пулисро барои рафтори ғайриинсониашон ба ҷавобгарӣ бикашанд. Онҳо аз бемористон дар бораи ҷароҳатҳои бардоштаашон санади расмӣ гирифта, ба додситонӣ расман шикоят навиштаанд ва ҳоло аз адвокат Дагир Хасавов хостаанд, ки аз манфиатҳои онҳо дар ин баҳс бо шуъбаи пулиси Соколники ҳимоят кунад».
Тавре дар оғоз зикр гардид, дар моҳҳои май ва июни соли ҷорӣ тасмиму чорабиниҳо дар мавриди пешгирии шиканҷа ба таври васеъ инъикос ёфтанд. Санаи 3-юми май торнамои Радиои «Озодӣ» бо пахши хабар таҳти унвони «Тақдими ҷоиза ба 11 журналисти тоҷик дар рӯзи озодии баён» , хабаргузории «Озодагон» бо хабари «Ҷашни озодии матбуот ва тақдими ҷоизаҳо ба рӯзноманигорони фаъол» ва торнамои Notorture.tj бо хабари «Рӯзи озодии матбуот: Эътилофи зидди шиканҷа журналистонро қадрдонӣ кард» иттилоъ доданд, ки «Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон рӯзи 3-юми май дар нишасте бахшида ба Рӯзи байналмилалии озодии матбуот хабарнигорон ва расонаҳои фаъоли кишварро бо туҳфаву дипломҳо қадрдонӣ кард».
Дар ин нишаст, ки бо ташаббуси ташкилоти ҷамъиятии Шӯрои ВАО-и ҶТ, АМВАОМТ, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» ва Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо дастгирии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон, Сафорати ИМА дар Тоҷикистон, Сафорати Британия дар Тоҷикистон ва Институти «Ҷамъияти кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар меҳмонхонаи «Шератон» баргузор гардид, роҳбари Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон Нурмаҳмад Халилов сухан гуфта, рӯзноманигоронро бо ҷашни касбиашон табрик намудаву афзудааст: «Дар фаъолиятҳои худ мо бо воситаҳои ахбори омма ва рӯзноманигорон ҳамкории хуб дорем. Мехостам ба рӯзноманигорон миннатдории худро барои саҳм гузоштанашон дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои инсон баён дорам ва онҳоро бо Рӯзи озодии матбуот табрик мегӯям. Мо низ хостем аз ҷониби худ чанд туҳфае ба рӯзноманигороне, ки дар самти ҳуқуқи инсон саҳми худро гузоштаанд, тақдим намоем».
Рӯзи 24-уми май бошад, торнамои Notorture.tj бо пахши матлабе таҳти унвони «Харитаи истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмонаи эҳтимолӣ дар Тоҷикистон» аз ҷумла навишт, ки «ба Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон аз соли 2011 то имрӯз наздики 200 нафар бо шикоят аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона муроҷиат кардаанд. Мо қарор додем тариқи харита бо базаи маълумотҳо кор кунем ва барои худ маълум намоем, ки бештар аз куҷо бонгҳои хатар ворид мешаванд».
Як рӯз баъд аз ин, 25-уми май торнамои Радиои «Озодӣ» ҳам дар бораи ин тасмим гузорише бо номи «Нашри харитаи шиканҷаву бадрафторӣ дар Тоҷикистон» пахш кард.
- Ҳомиёни ҳуқуқ нақшаи азияту шиканҷа дар Тоҷикистонро тартиб додаанд ва мегӯянд, ин зуҳурот дар тамоми кишвар мушоҳида мешавад, ки мояи нигаронист. Эътилофи созмони зидди шиканҷа рӯзи 24-уми май ин нақшаро дар вебсайташ нашр кард ва дар он дида мешавад, ки аз ҳама бадтар вазъ дар шуъбаҳои умури дохилии шаҳри Исфара, Хуҷанду Ваҳдат ва ноҳияҳои Сомонӣ, Сино ва ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе будааст. Нақшаи шиканҷаву бадрафторӣ бо истифода аз муроҷиати 200 нафаре тартиб дода шудааст, ки аз соли 2011 то имрӯз аз рафтору амалкардҳои мақомоти интизомӣ ба ҳомиёни ҳуқуқ шикоят кардаанд,- омадааст дар гузориши ин расона.
Қабл аз ин, санаи 1-уми май торнамои Notorture.tj бо пахши хабар таҳти унвони «Вохӯрии адвокатҳо барои баррасии масъалаи шиканҷа» навишта буд, ки «рӯзи 28-уми апрел дар шаҳри Душанбе вохӯрии кории адвокатҳои Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ бо созмонҳои узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа доир гардид. Гулчеҳра Холматова, намояндаи Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон гуфт, ки «мақсади вохӯрии мо ҳамкорӣ бо адвокатҳои ҷумҳурӣ ва ҷалб намудани онҳо барои иштирок дар парвандаҳо барои ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои ҷабрдидагон дар мисоли қурбониёни шиканҷа ва наздикони онҳост»».
Ҳамин торнамо, яъне Notorture.tj рӯзи 2-юми май матлаби дигаре бо номи «Эътилофи зидди шиканҷа бо дастгирии ИА амалисозии лоиҳаи бузургеро барои решакан намудани шиканҷа дар Тоҷикистон оғоз мекунад» пахш кард.
- Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо амалисозии лоиҳаи «Ҳаракат барои озодӣ аз шиканҷа дар Тоҷикистон»-ро оғоз кард. Мақсади умумии лоиҳа решакан намудани шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона дар Тоҷикистон аст,- аз ҷумла зикр шудааст дар ин матлаб.
Санаи 25-уми май бошад, торнамои Notorture.tj аз баргузории чорабинии дигар бо пахши матлабе таҳти унвони «Вохӯрии кории адвокатҳои Хатлон ҷиҳати мубориза бо шиканҷа» хабар дод.
- Рӯзи 24-уми май дар шаҳри Душанбе вохӯрии кории адвокатҳои Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба ҳамкорӣ бо созмонҳои узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар мавзуи “Мубориза зидди шиканҷа дар Тоҷикистон: Имкониятҳо барои ҳамкорӣ” доир гардид. Аз ҷониби директори ташкилоти ҷамъиятии “Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон” ва намояндаи Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон Шоира Давлатова мафҳуми “шиканҷа” шарҳу тавзеҳ додаву моддаи махусуси “шиканҷа” дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин намудҳои шиканҷа фаҳмонида шуд.
Аз ҷониби узви Эътилоф Абдураҳмон Шарипов ба иштирокдорони ин вохӯрӣ иштироки адвокат дар рафти тафтишоти пешакӣ ва нозукиву фарқиятҳои парвандаҳои “истифодаи шиканҷа” аз парвандаҳои асосие, ки гумонбар барои содир кардани ҷиноят ҷалб мешавад, фаҳмонида шуд,- омадааст дар ин матлаб.
Зимнан, санаи 26-уми май торнамои Notorture.tj хабаре бо номи «Даъват ба пешгирии шиканҷа дар Осиёи Марказӣ ба муносибати Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа» пахш карда, аз ҷумла навишт: «Бахшида ба Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа - 26-уми июн Эътилофи зидди шиканҷа дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон, Ассотсиатсияи ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ ва Ташаббус оид ба ҳуқуқи инсони Туркманистон аз ҳамаи панҷ давлати Осиёи Марказӣ даъват ба амал меоранд, ки шиканҷа пешгирӣ карда шавад, гунаҳкорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд ва ба қурбониёни шиканҷа ҷарима пардохт гардад».
Дар моҳи июн бошад, оғоз аз рӯзи 19-ум торнамои Notorture.tj хабаре таҳти унвони «Сарбози 18-сола Абдуваҳоб Қаюмов моҳи июли соли 2015 аз дасти куҳнасарбозон ба ҳалокат расид» пахш карда, дар бораи роҳандозии як аксия иттилоъ дод.
- Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон оғози аксияи «Ман муқобили шиканҷа! Имрӯз! Фардо! Ҳамеша!»-ро бахшида ба Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа, ки ҳамасола рӯзи 26-уми июн қайд карда мешавад, эълон медорад. Аз 19-уми июн то охири ин моҳ дар сомонаи Эътилоф www.notorturetj.org ва дар саҳифаҳоямон дар шабакаҳои иҷтимоӣ қиссаҳои аксии қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро ба шумо пешкаш хоҳем кард. Ба ғайр аз сарбоз Шаҳбол Мирзоев, ки дар натиҷаи муносибатҳои ғайриоинномавӣ дар артиш маъюб шуд, дигар ҳама ҳангоми боздошт, бозпурсиҳо дар шуъбаҳои милитсия, ҳангоми хизмати ҳарбӣ ва адои ҷазо дар колонияҳо фавтидаанд. Онҳо аз 18 то 47-сола буданд,- омадааст дар шарҳи ин хабар.
Баъдан, торнамои мазкур то охири моҳи июн ҳар рӯз яктоӣ қиссаи қурбониёни шиканҷаро бо чунин номҳо пахш кард: «Сарбоз Мақсуд Носиров моҳи январи соли 2014 аз дасти куҳнасарбозон ба ҳалокат расид» , «Сарбози 22-сола Фирдавс Раҳматов аз дасти куҳнасарбозон ба ҳалокат расид» , «Сафаралӣ Сангови 37-сола дар натиҷаи шиканҷа моҳи марти соли 2011 дар бинои ШВКД-1-и ноҳияи Сино вафот кард» , «Сарбоз Фаррухҷон Ҳайталиев моҳи январи соли 2016 вафот кард» , «Сарбоз Шаҳбол Мирзоеви 23-сола моҳи марти соли 2014 қурбонии «меҳтарсолорӣ» гардид ва маъюб монд» , «Баҳромиддин Шодиеви 28-сола моҳи октябри соли 2011 дар бинои ШВКД-и ноҳияи Шоҳмансур дар натиҷаи истифодаи шиканҷа фавтид» , «Исмоил Бачаҷонови 32-сола моҳи январи соли 2011 дар тавқифгоҳи тафтишотии №1-и шаҳри Душанбе дар натиҷаи зӯроварии ҷисмонӣ вафот кард» , «Исмонбой Бобоеви 30-сола моҳи феврали соли 2010 дар бинои ШММЗҶМ-и вилояти Суғд эҳтимолан дар натиҷаи шиканҷа вафот кард» , «Дилшодбек Муродови 47-сола, маҳбуси колонияи ислоҳотии №3/1-и СРИҶҶ Вазорати адлияи ҶТ моҳи августи соли 2009 эҳтимолан дар натиҷаи шиканҷа вафот кард» , «Сарбоз Акмал Давлатов моҳи апрели соли 2014 аз дасти куҳнасарбозон ба ҳалокат расид» , «Сарбози 20-сола Парвиз Дӯстматов моҳи июли соли 2015 аз дасти ҳамхизматаш ба ҳалокат расид» , «Сокини 25-солаи шаҳри Душанбе, ронандаи таксӣ Шамсиддин Зайдуллоев моҳи апрели соли 2015 бо гумони гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт гардид» .