Статьи

Масъалаи ҷуброни зарари моддиву маънавӣ яке аз мавзуҳое буд, ки дар вохӯрии кории «Мубориза зидди шиканҷа дар Тоҷикистон: имкониятҳо барои ҳамкорӣ» дар шаҳри Қӯрғонтеппа рӯзи 14-уми апрели соли ҷорӣ баҳсу баррасӣ шуд. Ба қавли адвокат Гулчеҳра Холматова, дар Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон як гуруҳ адвокатҳо фаъолият мебаранд, ки онҳо дар парвандаҳои гражданӣ оид ба...

16.04.2016 - 09:33

Сӯҳбати Комрони Аслон бо Раҳматова Дилором, модари сарбозе, ки ба қавли наздиконаш, санаи 7-уми июли соли равон зери латукӯби сарбозон ё бар асари “дедовщина” аз олам даргузашт. - Пеш аз ба хизмати ҳарбӣ рафтанаш, муносибати писаратон бо дӯстону наздиконаш чӣ гуна буд? - Писари ман дар ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ѓафуров дар  факултети телекоммуникатсия ва иттилоот мехонд. Ӯ бо ҳама...

29.10.2015 - 09:36

Шаҳрванди Тоҷикистон Тоҷиниссо Каримова, модари Зайдуллоев Шамсиддини фавтида, ки бо гумони паҳн намудани маводи мухаддир боздошт шудаву ба иддаои наздиконаш, дар натиҷаи латукӯб дар тавқифгоҳи муваққатии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳалокат расидааст, мегӯяд, бо гузашти шаш моҳ аз қазия, ҳоло ҳам касе ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст. Ин ҳам дар ҳолест...

08.10.2015 - 08:24

26-уми июн дар шаҳри Душанбе ҳамоише ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи қурбониёни шиканҷа баргузор шуд. Дар он фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳуқуқшиносон ва онҳое, ки пайвандонашон аз шиканҷа осеб дидаанд ё фавтидаанд ширкат доштанд. Хабарнигори TojNews дар ин ҳамоиш дар сӯҳбат аз Ойниҳол Бобоназарова, раҳбари Созмони ҷамъиятии “Перспектива+” ва ҳуқуқшиноси маъруф пурсид, ки дар Тоҷикистон...

27.06.2015 - 10:43

8-уми апрел Шамсиддин Зайдуллоеви 25-сола, сокинони маҳаллаи 91-уми пойтахт аз ҷониби кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар бо иттиҳоми паҳн кардани маводи нашъаовар боздошт мешавад. Аммо 13-уми апрел волидайни Шамсиддинро даъват мекунанд, ки омада ҷасади фарзандашонро аз сардхона, ё морги “Медгородок” бигиранд. Модари Шамсиддин Тоҷиннисо Каримова иддао дорад, ки писараш дар натиҷаи лату...

21.04.2015 - 09:25

Иззат Амон, роҳбари минтақавии созмони мусоидат ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони Ҷамъияти ҳуқуқи инсон дар Русия аз ҷониби посбонҳои Маркази нигоҳдории муваққати шаҳрвандони хориҷии раёсати Хадамоти федеролии муҳоҷирати (РХФМ) шаҳри Маскав дар минтақаи Сахарово лату кӯб шудааст. Хабарнигори “Озодагон” Иршод Сулаймонӣ бо Иззат Амон дар мавриди чигунагии рух додани ин ҳодиса...

08.03.2015 - 13:30

Хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи 16 феврал ба аёдати Наҷмиддин Қаюмов -- сарбози Вазорати дифои Тоҷикистон рафт, ки ду ҳафтаи пеш қасд ба ҷони худ карда, ҳоло дар Қарияи Болост ва бо имову ишора ҳарф мезанад. Наҷмиддин Қаюмов , сарбози яке аз қисмҳои низомии Вазорати дифои Тоҷикистон, ки ду ҳафтаи пеш бо истифода аз “Калашников” қасд ба ҷони худ карда, ҳоло дар Қарияи Болои Душанбе...

16.02.2015 - 16:34

Ҳукумати шаҳри Панҷакент дар посухи расмиаш ба матлаби Радиои Озодӣ бо номи “Ду рӯз беҳушии як ҷавон аз латукӯб ҳини облава” навишт, ки Саидалӣ Ҳақбердиев худашро аз мошини кормандони комиссариат берун андохтааст. Ҳукумати шаҳри Панҷакент бо имзои муовини раиси ин шаҳр Шафиев.И ба як матлаби Радиои Озодӣ аз 7 ноябр дар бораи латукӯби як ҷавонони сокини деҳаи Яккахони ин ноҳия ...

11.11.2014 - 12:33

Қазияи марде, ки дар пайи гирифтани шаҳодатномаи таваллуди наберааш аз ҷониби нозири милиса шатта хӯрдааст, бо чӣ меанҷомад? Шанбе Салимшоев, ҷабрдида аз деҳаи Вери ноҳияи Шуғнон, пас аз латукӯби нозири минтақавӣ Орзу Суриев, аз беморхонаи ҷамоат ҳам ронда шуда, дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Душанбе бистарӣ гардид. Бо ҷабрдида мо дар беморхонаи Қарияи Боло вохӯрдем. Шанбе Салимшоев, дар...

06.11.2014 - 20:17

Бахши маскавии Кумитаи зидди шиканҷа ба таҳқиқи марги Фаррух Урозов, сокини 39-солаи ноҳияи Фархори Тоҷикистон шурӯъ кардааст. Урозов рӯзи 18-уми сентябри соли ҷорӣ дар шуъбаи пулиси шаҳри Солнечногорски вилояти Маскав эҳтимол дар пайи латукӯб ва шиканҷаи маъмурон даргузаштааст. Чанд рӯзи охир ин қазия ба саҳифаҳои расонаҳои ватаниву хориҷӣ роҳ ёфта, вокуниши доираи коршиносонро ба бор овард...

06.10.2014 - 16:08

Страницы