Article Pages

Мурофиаи судии гумонбар дар қазияи марги Ҳамза Икромзода, маҳбуси муассисаи ислоҳии №1-и шаҳри Душанбе, ки мебоист имрӯз, 6-уми май баргузор мешуд, то 15-уми ҳамин моҳ ба таваққуф гузошта шуд. Рустам Мирзоев, судяи Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, мурофиаи судии Маҳмуд Исмоилов, корманди маҳбасро, ки шаби марги Ҳамза Икромзода навбатдор буда, дар ин қазия гумонбари ягона маҳсуб мешавад, бино ба...

06.05.2013 - 13:27

ИМА шиканҷаву азияти маҳбусон, маҳдудияти озодии баён, монеагузорӣ ба фаъолияти расонаҳои мустақил, инқирози озодиҳои динӣ ва хушунат бар зидди занонро аз мушкилиҳои умдаи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон медонад. Департаменти давлатии ИМА гузориши солонаи вазъи ҳуқуқи башар дар кишварҳои мухталифи олам дар соли 2012-умро нашр намуд. Дар ин гузориш таъқиби ҷомеаи шаҳрвандӣ, талош ба хотири...

20.04.2013 - 17:31

Мақомоти Раёсати муассисаҳои ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон дар бораи ҳодисаи ҷилавгирӣ аз фирори як зиндонӣ гузориш доданд. Ба иттилои мақомот, як  маҳбуси зиндони рақами 3/3-и ноҳияи  Ваҳдат (Кирпичний), ки дар 20-километрии шарқи Душанбе ҷойгир аст,  ҳангоми фирор аз маҳбас аз тарафи посбонон захмӣ шуд. Одинашо Муродов, сухангӯи Раёсати муассисаҳои ислоҳии  Вазорати...

15.04.2013 - 16:38

Волидони Ҳамза Икромзода, ки соли гузашта дар маҳбасе дар Душанбе ҳалок шуд, мегӯянд, бо имзои Иззатулло Шарипов, муовини вазири адлия ва сардори Раёсати зиндонҳои Тоҷикистон, нома дарёфт кардаанд. Дар ин нома гуфта шудааст, ки қазияи марги Ҳамза Икромзодаро Додситонии кулл пайгирӣ дорад ва ҳар суолу дархост бояд ба онҳо пешниҳод шавад.  Ин нома, ки ба қавли пайвандони Ҳамза Икромзода...

10.04.2013 - 20:41

Як маҳбус аз зиндони Қӯрғонтеппа, бинобар латукӯб ва таҳқир дидан аз ҷониби кормандони маҳбас, даст ба гуруснанишинӣ зада, талаб дорад, ки Раёсати ислоҳии зиндонҳо ба арзи вай расидагӣ кунад. Муродҷон Раҳмонов, аз наздикони маҳбуси зиндони шаҳри Қӯрғонтеппа Абдуҷаббор Раҳмонов, 1-уми апрел зимни тамос ба радиои "Озодӣ" гуфт, бародараш беш аз як ҳафта аст, ки даст ба гуруснанишинӣ зада, сарфи...

01.04.2013 - 18:51

Додситонии вилояти Суғд нисбати Садриддин Тошев, маҳбуси зиндони Хуҷанд, ки бо лақаби “Қорӣ” низ маъруф аст, барои паҳн кардани маълумоти бардурӯғ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Баҳриддин Тошев, падари маҳбус дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, додситонӣ нисбати писараш, тибқи моддаҳои 332 ва 346-и Кодекси ҷиноӣ парванда оғоз намуда, ӯро дар он муттаҳам мекунад, ки оиди авзои зиндон ва...

30.03.2013 - 15:14

Волидайн ва наздикони 59 маҳбусе, ки дар зиндони Хуҷанд ба сар мебаранд, мавриди бозпурсии додситонии махсуси назорати зиндонҳо қарор гирифтаанд. Рустам Азизов, муфаттиши додситонии махсуси назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии Додситонии кулли Тоҷикистон, дар як суҳбати бидуни микрофон гуфт, ки ин бозпурсиҳо дар доираи қонун сурат мегиранд ва тафсилот дар ин маврид пас аз анҷоми...

29.03.2013 - 17:28

Николай Николаев, вакили мудофеи Умаралӣ Қувватов, мегӯяд, чаҳор рӯз боз нафари таҳти ҳимояташ дар дастрас нест ва наметавонад бо ӯ тамос барқарор кунад. Николаев ин ҳарфҳоро имрӯз, 19 март, дар саҳфаи Твиттер ва Фейсбукаш навиштааст. Умаралӣ Қувватов, раҳбари «Гурӯҳи 24», ки худро мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистон эълом кардааст, дар фурудгоҳи Дубай дастгир ва дар боздоштгоҳи муваққат...

19.03.2013 - 19:46

Зариф Ализода, омбудсмени Тоҷикистон, хусусияти интиқодӣ доштани гузориши ахираш оид ба вазъи ҳуқуқи инсон дар кишварро натиҷаи шиносоӣ бо вазъи воқеӣ дар кишвар гуфт. Зариф Ализода дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, ҳеҷ ниҳоде дар марҳилаи аввали фаъолияташ наметавонад, гузориши фарогири воқеиятро оид ба вазъи ҳуқуқи инсон дар кишвар таҳия кунад. Ализода дар гузориши ахири худ ба...

19.03.2013 - 13:47

Ҳамсари Умаралӣ Қувватов, роҳбари боздоштшудаи "Гуруҳи 24" - Қумринисо Ҳафизова ба полиси байналмилалии Амороти муттаҳидаи Араб бо дархости кӯмак ба ӯ ва аҳли оилааш муроҷиат кардааст. Дар ин бора ба TojNews Николай Николаев, вакили дифоъи Умаралӣ Қувватов, иттилоъ дод.  Дар мактуби Қумринисо Ҳафизова ба Интерпол дар АМА, ки бинобар иттилои адвокат шаби гузашта 15-уми март тариқи факс...

16.03.2013 - 17:07

Страницы