Article Pages

Прокуратураи ноҳияи Ёвон 27-уми сентябри соли 2018 нисбати ду нафар корманди фаврии ШВКД-и маҳаллӣ бо моддаи 143, эзоҳи 1, қисми 2 (шиканҷа)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуд. Ҳарду нафар ба он гунаҳгор карда мешаванд, ки моҳи июли соли ҷорӣ сокини ноҳияи Ёвон Шаҳбоз Аҳмадовро боздошт намуда, ӯро шиканҷа додаанд, то дар мавриди ҷинояте, ки содир накардааст, нишондоди худиқрорӣ гиранд. Баъди...

05.10.2018 - 16:20

Додситонии ҳарбии шаҳри Кӯлоб ба таҳқиқи марги як сарбоз дар қисми нирӯҳои марзбонии минтақа шурӯъ кардааст. Мақомот гуфтанд, ки рӯзи 27-уми сентябр Алӣ Мирзоеви 26-сола аз тири силоҳи ҳамхидматаш ҷон бохт. Санҷиши ҳодиса аз рӯи моддаи 387-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (вайронкунии қоидаҳои муносибат бо яроқ ва бо предметҳое, ки барои атрофиён хавфи зиёд дорад) шурӯъ шуда, гумонбар ба...

04.10.2018 - 05:48

Дар доираи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо «Фаъолият барои озодӣ аз шиканҷа дар Тоҷикистон», ташкилоти ҷамъиятии «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» дар якҷоягӣ бо идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаҳои кишвар силсилаи чорабиниҳои маълумотноксозиро баргузор намуд.  Чорабиниҳои маълумотноксозӣ бо иштироки намояндагони мақомоти гуногуни давлатӣ моҳҳои июл ва...

02.10.2018 - 16:46

Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» - узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ба сокини 25-солаи шаҳри Кўлоб, ки дучори шиканҷа ва муносибати бераҳмона гардидааст, кўмаки ҳуқуқӣ мерасонад. Файзалӣ Латипов дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия қарор дошт ва бо мабла ғи аз меҳнаташ ба даст оварда волидонашро, ки дар ватан буданд, таъмин...

29.09.2018 - 15:44

"Вақте гуноҳи гуфтаашонро ба гардан нагирифтам, маро дар бехи девор шинонданд. Яке аз кормандони пулис пояшро дар байни ду пойи ман гузошт ва ба ҳамкораш гуфт, ки инро "Мерседес" мекунем. Мисли "педал"-и "Мерседес" узви таносули маро бо пойҳояш пахш кард. Вақте иқрор нашудам, аз қафо, аз миён ва аз поён бо сӯзан заданд. Баъди он..." Ин нақли Шаҳбоз Аҳмадов, як сокини ноҳияи Ёвон, аст,...

27.09.2018 - 18:33

Прокуратураи вилояти Хатлон қарори Прокуратураи ноҳияи Восеъро дар бораи боздоштани тафтиши парвандаи ҷиноятӣ аз рўи далели то ба худкушӣ расонидани сокини маҳаллӣ Сайдамир Сўфиев бекор кард. Ҳимоятгарони ҳуқуқ умедворанд, ки ин маротиба гунаҳгорон муайян гардида, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб карда мешаванд. Ёдовар мешавем, ки 26-уми феврали соли 2018 сокини шаҳри Душанбе Хайриниссо Сўфиева...

27.09.2018 - 07:59

Прокуратураи генералии Тоҷикистон қарор дар бораи рад намудан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ оид ба шиканҷаро, ки аз ҷониби сокини ноҳияи Ёвон Шаҳбоз Аҳмадов шикоят шуда буд, бекор кард. Мақомоти назоратӣ Прокуратураи ноҳияи Ёвонро уҳдадор кард, ки санҷиши иловагии далелҳои сокини маҳаллиро гузаронад. 31-уми июли соли 2018 сокини ноҳияи Ёвон Шаҳбоз Аҳмадов барои дастрас кардани ёрии ҳуқуқӣ ба...

26.09.2018 - 20:05

Чорабиниҳои маълумотноксозӣ бо иштироки намояндагони мақомоти гуногуни давлатӣ моҳҳои июл ва августи соли 2018 дар минтақаҳое аз қабили Файзобод, Лахш, Ашт, Ховалинг, Балҷувон, Дарвоз ва Хоруғ дар сатҳи баланд гузаштанд. Чорабиниҳои маълумотноксозӣ ба якчанд рўйдодҳои ба пешбурд ва ҳимояи ҳуқуқи инсон дар кишвар алоқаманд бахшида шуда буданд. Аз ҷумла, муҳимияти иҷрои тавсияҳои аз ҷониби...

07.09.2018 - 12:08

Адвокат Ориф Султонов аз номи судшаванда Қаҳҳоров Иброҳим Гадоевич, ки айни замон дар тавқифгоҳи тафтишотии ЯТ 9\1-и СРИҶҶ ВА Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, аз болои қарор оиди рад намудан аз оѓози парвандаи ҷиноятӣ ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят бурдааст. Ёдовар мешавем, ки қаблан бо таъиноти судяи Суди Олӣ парвандаи се нафар шаҳрванди Тоҷикистон боздошта ва барои санҷиш дар самти...

01.09.2018 - 10:06

Страницы