Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар моҳи апрели соли 2017 чанд қазияи вобаста ба ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳолатҳои истифодаи шиканҷа дар расонаҳо ба таври васеъ инъикос гардиданд.
Санаи 4-уми апрел торнамои NoTorture.Tj таҳти унвони «Нигаронии Эътилофи зидди шиканҷа аз қазияи «Мултикид»» хабаре пахш кард, ки дар он аз ҷумла иттилоъ дода мешавад: «Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зидди шиканҷа ва беҷазоӣ аз пароканда шудани иштирокчиёни сеюмин Намоишгоҳи байналмилалии таълимӣ, ки бахшида ба Соли ҷавонон аз ҷониби ширкати таълимии «Мултикид» бояд баргузор мегардид, изҳори нигаронӣ мекунад».
- Донишҷўён ва волидони онҳо, ки аз ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон ба намоишгоҳ омада буданд, инчунин меҳмонони хориҷӣ бо шеваи тунд пеш карда шуда, маводҳои видеоӣ ва аксӣ нобуд карда шуданд,- иброз доштааст раҳбари «Мултикид» дар суҳбати худ бо ВАО.
Рўзи 5-уми апрел бошад, ҳамин торнамо, яъне NoTorture.Tj матлабе бо номи «Се айбдоршаванда аз истифодаи шиканҷа ҳангоми боздошт хабар доданд» пахш кард.
- Ба Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон зидди шиканҷа ва беҷазоӣ Сайфиддин Исломов - падари қурбонии эҳтимолии шиканҷа Ҷонибек Сайфиддинов, ки ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир айбдор мешавад, муроҷиат кард. Аз рўи ин парванда боз ду нафари дигар айбдор мешаванд. Мурофиаи судии онҳо дар Суди ноҳияи Шоҳмансур оғоз гардид. Ҳар се нафар дар суд оид ба истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона нисбаташон аз ҷониби кормандони милитсия ҳангоми боздошт хабар доданд,- навишт торнамо.
Чанд рўз баъд, санаи 10-уми апрел торнамои NoTorture.Tj хабари дигаре таҳти унвони «Ирсоли парвандаи се айбдоршаванда барои санҷиши прокурорӣ» пахш карда, аз ҷумла навишт: «Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе санаи 7-уми апрел дархости Гулчеҳра Холматова, ҳимоятгари судшавандагон Ҷонибек Сайфиддинов, Насим Кукиев ва Ёсин Меликовро оид ба таҳти шиканҷа ва муносибати бераҳмона қарор гирифтани судшавандагон ҳангоми боздошт қонеъ гардонида, барои санҷиши прокурорӣ ирсол кард».
- Суд дархости моро оид ба гузаронидани санҷиши прокурорӣ аз рўи шикояти судшавандагон дар бораи истифодаи шиканҷа нисбати онҳо дар хонаи машваратӣ дида баромада, қонеъ гардонд. Дар маҷлисгоҳи судӣ таъинот оид ба гузаронидани санҷиши прокурорӣ ва барои гузаронидани амалиёти тафтишотӣ ба Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур фиристонида шуд,- гуфтааст Гулчеҳра Холматова.
Торнамои Радиои «Озодӣ» ҳам рўзи 11-уми апрел дар ин мавзуъ гузорише бо номи «Се сокини Ёвон зери шиканҷа гуноҳро ба гардан гирифтаанд?» пахш кард.
- Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз додситонӣ хостааст, ки даъвои эҳтимоли шиканҷа шудани се сокини ноҳияи Ёвон аз тарафи чаҳор корманди пулисро расидагӣ кунад. Шикояти марбут ба эҳтимоли шиканҷа шудани гумонбарон рўзи 7-уми апрел дар ҷараёни мурофиаи се сокини ноҳияи Ёвон ба додгоҳ ироа шудааст. Сайфулло Сайфуллозода, муфаттиши шуъбаи корҳои дохилии Шоҳмансур, ирсоли парванда барои расидагӣ ба аъмоли кормандони пулисро тасдиқ кард, вале айни замон гуфт, "ҳеҷ кас ба онҳо ҳеҷ кор накардааст. Ин хел гап дар ягон ҷой нест". Ҷонибек Сайфиддинов, Насим Кукиев ва Ёсин Меликов - сокинони ноҳияи Ёвон тибқи моддаи 200, қисми 3-и Кодекси ҷиноӣ, яъне "ба соҳибияти каси дигар додани воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо маслиҳати пешакӣ" муттаҳам дониста мешаванд, ки ба муҳлати то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Ин афрод рўзи 7-уми апрел ба додрас гуфтаанд, ки ҷараёни тафтишу баррасии қазияи онҳо бо нақзи ҳуқуқ анҷом шуд ва эътирофи гуноҳ таҳти шиканҷа ҳосил шудааст,- аз ҷумла омадааст дар гузориш.
Қабл аз ин, рўзи 5-уми апрел торнамои NoTorture.Tj мақолаи тадқиқотие таҳти унвони «Даъвогар: Кормандони ШВКД-и Кўлоб маро латукўб карданд» пахш карда, хабар дода буд: «Насрулло Одинаев, як сокини шаҳри Кўлоб, ки бо ҷурми қаллобӣ гумонбар мешуд, шикоят аз он дорад, ки маъмурони милитсияи шаҳри Кўлоб ўро шиканҷа кардаанд».
- Ман 7-уми август дар ноҳияи Муминобод будам. Ҳамкурсам Амирҷон, ки дар ШВКД-и шаҳри Кўлоб кор мекунад, зангам заду хоҳиш кард, ки ба хонааш оям. Вақте омадам, ў маро ба ШВКД овард. Онҷо муовини сардори ШВКД ва се нафар муфаттишони дигар гуфтанд, ки гўё ман се нафарро фиреб дода, пулашонро гирифтаву ба онҳо ғайриқонунӣ замин фурўхта бошам. Аз ман талаб карданд, то бигўям, ки заминро ҳамроҳи раис «Фахриддин» фурўхтаам. Вақте гуфтам, ки ман замини худамро дар асоси қонун фурўхтааму дар доираи қонун дар нотариуси давлатӣ шартномаи мо ба қайд гирифта шудааст, онҳо маро латукўб карданд. Талаби онҳо танҳо он буд, ки бигўям, ки раис «Фахриддин» дар хариду фурўши замин бо ман даст дорад. Яке туфлиашро аз пояш кашида, ба сарам зад. Дигаронаш мушту шаппотӣ заданд. Ҳангоми рўбарўкунӣ бо гўё ҷабрдидагон, сардори шуъбаи тафтишотӣ ба онҳо гуфт, ки «рўбарўкуниро дар камера сабт намоед». Аммо онҳо ин супоришашро иҷро накарданд. Маро фиреб дода, имзоямро гирифтанду гуноҳи накардаро ба сарам бор карданд,- гуфтааст Н. Одинаев.
Рўзи 17-уми апрел бошад, торнамои NoTorture.Tj дар мавриди қазияи дигар таҳти унвони «Мурофиаи судӣ аз рўи парвандаи муноқишаи гуруҳӣ дар Душанбе идома дорад» хабар пахш кард.
- Искандарзода Б., судяи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе нимаи дуюми рўзи 13-уми апрел баррасии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Ғоибназаров Фирўзи 18-сола, донишҷўи соли якуми Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ба номи Саидмумин Раҳимов ва 8 нафар судшавандагонро, ки дар муноқишаи гуруҳӣ ва вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ муттаҳам карда мешаванд, идома дод. Ба гуфтаи Абдураҳмон Шарипов, адвокати Фирўз Ғоибназаров, тафтишоти пешакӣ бе ягон далел, дар асоси тахмину гумонҳо нисбати зерҳимояаш бо моддаи 237 (авбошӣ) қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда боз кардааст, ки комилан ғайриқонунӣ аст. Зеро, ба қавли ҳимоятгар, дар муноқишаи рўзи 11-уми январи соли равон, ки миёни ҷавонони маҳаллаи 33-юм, кўчаи ба номи Раҳмон Набиев ва якчанд нафар хонандагони синфи 10 ва 11-уми мактаби 59-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рух додааст, Фирўз Ғоибназаров ҳузур дошт, вале иштирок надоштааст. Тавре адвокат аз қавли Фирўз Ғоибназаров мегўяд, зерҳимояаш аз муноқишаҳое, ки 9 ва 10-уми январ, вақте ки ин ду гуруҳ барои муноқиша дар кўчаи Р. Набиев ҷамъ меоянд, хабаре надоштааст,- омадааст дар хабар.
Тавре Ғоибназаров Фирўз дар баёноти ба адвокат додааш менависад, пас аз боздошт ва ба милиса дастрас шуданаш ба ў фаҳмонидаанд, ки дар авбошӣ, ки 11-уми январи соли 2017, тахминан соати 17-18 содир шудааст, гумонбар дониста мешавад: “Дар рафти баёнотдиҳиам дар назди марде, ки куртаи сиёҳ, шими рангаш сиёҳ, дар пояш туфлии сиёҳ, қадаш 170-175 см, мўи сараш ранги сиёҳ буд, чанд нафар омада маро латукўб мекарданд, ки дар баёнот чизе менависанд, ҳамонро имзо кунам. Маро задагӣ шахсон 3 нафар буданд, ки лаҳҷаи гапзаниашон дағалона бо истифодаи дашном ва суханҳои қабеҳ, пастзанандаи шаъну шараф ва обрўи шахсиям буданд”.
Дар моҳи апрели соли ҷорӣ масъалаи хизмати сарбозон дар артиш ва меҳтарсолорӣ низ дар расонаҳо бозтоб ёфт. Санаи 6-уми апрел торнамои NoTorture.Tj бо номи «Ба артиш рафтанд ё латукўб?» инфографикаеро пахш карда, дар шарҳи он навишт: «Дар ду сол теъдоди қурбониёни меҳтарсолорӣ дар артиши Тоҷикистон қариб ба 60 нафар сарбоз расид».
Ҳамин торнамо, яъне NoTorture.Tj рўзи 11-уми апрел ба қавл аз хабаргузории «Озодагон» таҳти унвони «Сафаралиев: Бародарзодаи беморамро “облава” карданд...» матлаберо пахш кард, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Як сокини шаҳри Ҳисор иддао дорад, ки кормандони комиссариати ҳарбӣ Сайёд Ҳалимов, бародарзодаи 24-солаашро бо зўр барои хидмат дар артиш бурдаанд. Бадриддин Сафаралиев дар як тамоси телефонӣ ба “Озодагон” гуфт, субҳи имрўз, 11-уми апрел кормандони комиссариат ба манзили онҳо омада, писари бародари марҳумашро, ки бемор аст, бо худ бурдаанд. Вай афзуд, “ду сол пеш ҳам ўро дошта оварда буданд. Мо гуфтем, ки ин касал аст, аммо гўш накарданд. Санҷиши тиббӣ бемор будани ўро собит кард ва барояш билети ҳарбии “ноқобил” доданд».
Санаи 12-уми апрел бошад, хабаргузории «Озодагон» хабаре бо номи «Сухангўи Вазорати дифоъ: Агар Ҳалимов воқеан бемор бошад, аз артиш озод мешавад» пахш кард.
- Фаридун Маҳмадалиев, сухангўи Вазорати дифои Тоҷикистон мегўяд, аз қазияи Сайёд Ҳалимов, як сокини шаҳри Ҳисор огоҳ аст ва онро пайгирӣ мекунад. Наздикони Ҳалимов иддао доранд, ў бемор аст ва кормандони Комиссариати ҳарбӣ бо зўр вайро ба артиш ҷалб карданианд… Дар ҳамин ҳол, Фаридун Маҳмадалиев имрўз, 12-уми апрел ба “Озодагон” гуфт, агар дар пайи ташхиси табибон собит шавад, ки ў воқеан бемор аст, аз хизмат озод мешавад. Вай афзуд, баъзе бемориҳо табобатшаванда ҳастанд ва баъди сиҳат ёфтан ҷавон дубора ба артиш даъват мешавад,- омадааст дар хабар.
Торнамои Радиои «Озодӣ» низ рўзи 13-уми апрел матлабе таҳти унвони «Сайёдро баъди “облава”... аз хидмат озод карданд» пахш карда, хабар дод, ки «Сайёд Ҳалимов, сокини 24-солаи шаҳри Ҳисор, ки ба қавли наздиконаш ду рўзи пеш маҷбурӣ барои хидмат дар артиш ҷалб шуда буд, ба далели тасдиқи бемориаш аз хидмат озод шудааст».
Дар ҳамин ҳол, санаи 19-уми апрел торнамои Радиои «Озодӣ» бо номи «Орзуҷон куҷо шуд?» матлаби дигаре пахш кард.
- Комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҳисор ба далели сарпечӣ ва фирор аз хидмати ҳарбӣ, ба хонаи Орзуҷон Мўсоев огоҳӣ бурдааст. Наздикони ин сокини 19-солаи деҳаи Баракати ноҳияи Ҳисор дар куҷо будани писарашонро намедонанд, аммо масъулони комиссариати ҳарбӣ мегўянд, ки Орзуҷон Мўсоев аз хидмати ҳарбӣ пинҳон шудааст,- омадааст дар хабар.
Торнамои мазкур ин матлаби худро чунин хулоса кардааст: «Бадрафторӣ дар сафи неруҳои мусаллаҳ ва озори сарбозон яке аз омилҳои парҳези ҷавонон аз хидмат дар сафи артиши Тоҷикистон дониста мешавад. Ҳар сол ҳодисаҳои марги сарбозон дар артиш ва ба ҷавобгарӣ кашидани афсарон барои бадрафторӣ сабт мегардад. Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ аз соли 2014 ба ин сў ҳадди ақал 8 ҳодисаи марг дар артишро сабт кардааст».
Санаи 21-уми апрел бошад, торнамои «Озодагон» хабаре таҳти унвони «Эълони ҳукми се муттаҳам дар қатли сарбоз Эҳсон Элчибеков» пахш карда, иттилоъ дод: «Додгоҳи гарнизони ҳарбии шаҳри Душанбе як сарбоз ва ду афсарро дар қатли Эҳсон Элчибеков, сарбози қисми низомии 06870-и Вазорати дифои Тоҷикистон муҷрим шинохт. Бо ҳукми додрас Наҷмиддин Лоиқзода сарбоз Сайёдҷон Асоев бар пояи моддаи 373, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон 12,5 сол равонаи зиндон шуд. Ду афсари дигар Саидмуҳаммад Саъдулоев ва Изатулло Аҳмадов тибқи моддаи 392 қисми 1, як солӣ аз озодӣ маҳрум шуданд».
Эҳсон Элчибекови 19-сола рўзи 16-уми феврали соли равон дар қисми низомии 06870, воқеъ дар шаҳри Душанбе ба таври мармуз даргузашт ва ҷасади ў ба волидонаш, ки дар деҳаи Бағуи ноҳияи Рўшони вилояти Бадахшон зиндагӣ мекунанд, 21-уми феврал супурда шуд. Баъди шикояти наздикони Элчибеков барои таҳқиқи марги ў комиссияи вижа таъсис шуд. Масъулини ин комиссия ба пайвандони сарбоз гуфтаанд, вай дар натиҷаи муноқиша бо ҳамхидмати худ бўғӣ шудааст.
Торнамои Радиои «Озодӣ» ҳам рўзи 21-уми апрел дар ин маврид бо номи ««Илтимос, маро бубахшед...». Эълони ҳукми гунаҳкорони марги Элчибеков» матлаби чандрасонаӣ пахш кард.
Санаи 28-уми апрел бошад, дар торнамои Радиои «Озодӣ» дар мавриди қазияи дигар таҳти унвони «Як афсар дар робита ба марги Умедҷон 2 сол ҳукм гирифт» матлаби дигар пахш шуд.
- Додгоҳи низомии вилояти Хатлон Алишери Абдуқодир, "прапоршик"-и қисми марзбонии "0307", воқеъ дар ноҳияи Ҳамадониро дар иртибот ба марги ҳамхидматаш Умедҷон Ҳасанов гунаҳкор дониста, ба муддати 2 сол маҳкум кард. Ин парванда дар охири моҳи марти имсол ба додгоҳ рафта ва ҳукмаш рўзи 13-уми апрел содир шудааст. Муҷозоти Алишери Абдуқодир дар ҳолест, ки дар оғоз марги Умедҷон Ҳасановро ба тири қоҷоқбарони афғон рабт дода буданд. Аммо дар пайи эътирози волидони Умедҷон, додситонӣ айбдор будани Алишери Абдуқодир дар ин қазияро ошкор кард,- аз ҷумла омадааст дар матлаби ин торнамо.
Инчунин, дар моҳи апрел як қатор чораҳои пешгирии шиканҷа расонаӣ гардиданд. Торнамои NoTorture.Tj санаи 6-уми апрел хабар дод, ки «Дар Тоҷикистон бланкаҳои тиббӣ оид ба «шиканҷа»-ро таҳлил мекунанд» .
- Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо амалисозии лоиҳаи дусолаи «Мубориза бо шиканҷа дар Тоҷикистон»-ро оғоз мекунад. Дар доираи лоиҳа ташкилоти узви Эътилоф - «Маркази ҳуқуқи инсон» ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ таҳлил ва баҳогузории сатҳи хизматрасонии судӣ-тиббиро ба роҳ монда, инчунин барои муҳайё намудани механизмҳо баҳри гузаронидани ташхисҳои судии мустақил мусоидат мекунанд,- аз ҷумла омадааст дар хабар.
Ҳамин торнамо, яъне NoTorture.Tj рўзи 12-уми апрел хабар дод, ки «Вохўриҳои Эътилоф бо ҳомиёни ҳуқуқ аз ноҳияҳои тобеи марказ оғоз ёфт» ва дар идома навишт: «Силсилаи вохўриҳои иттилоотии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон рўзҳои 7-8-уми апрел дар шуъбаҳои милитсияи ноҳияҳои тобеи марказ баргузор гардид. Дар вохўрии ШВКД-и шаҳри Турсунзода 50 ва дар вохўрии ШВКД-и ноҳияи Файзобод 30 нафар иштирок карданд. Дар вохўриҳои иттилоотонӣ ин мавзуҳо баррасӣ карда шуданд: «Кафолати ҳуқуқи инсон ҳангоми боздошт ва давраи тафтишоти пешакӣ», «Ворид кардани тағйирот ба КМҶ ҶТ оид ба ҳуқуқи боздоштшудаҳо», «Пешгирии шиканҷа ва муносибатҳои бераҳмона дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ», «Натиҷаҳои фаъолияти гуруҳи мониторингии назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон». Ба ҳайси тренерҳо намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Нидоев Ҳ. ва узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон Холматова Г. баромад карданд».
Чанде баъд, санаи 24-уми апрел торнамои NoTorture.Tj матлабе таҳти унвони «10 вохўрӣ, зиёда аз 500 иштирокчӣ-милитсионерҳо: Эътилоф вохўриҳои иттилоотониро оид ба ҳуқуқи боздоштшудагону маҳбусон идома медиҳад» пахш кард.
- Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон силсилаи вохўриҳои иттилотониро барои кормандони мақомоти корҳои дохилии кишвар оид ба ҳуқуқҳои боздоштшудагон ва нафароне, ки дар ҳабс қарор доранд, идома медиҳад. Аз 10-уми март то 15-уми апрели имсол 10 вохўрии иттилоотонӣ гузаронида шуд: ШВКД Фирдавсӣ-2 ва ШВКД Сино-2 (10-уми март), ШВКД Рўдакӣ ва ШВКД Ҳисор (17-уми март), ШВКД Шаҳринав ва ШВКД Турсунзода (7-уми апрел), ШВКД Файзобод (8-уми апрел), ШВКД Темурмалик ва ШВКД Данғара (14-уми апрел), ШВКД Роғун (15-уми апрел). Мақсади чорабинӣ пешниҳоди маълумот дар бораи стандартҳои асосии ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ, ҳуқуқи боздоштшудагон ва нафарони дар ҳабс қарордошта; дар бораи тағйироту иловаҳо ба қонунгузории ҶТ оид ба ҳуқуқҳои боздоштшудагон; дар бораи фаъолияти мониторинги ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ бо мақсади огоҳонидан аз шиканҷа; дар бораи зўроварӣ дар оила (ҳангоми вохўриҳои иттилоотонӣ дар вилояти Суғд); дар бораи раванди гузаронидани ислоҳоти милитсия (ҳангоми вохўриҳои иттилоотонӣ дар ВМКБ) ба шумор меравад,- аз ҷумла омадааст дар ин матлаб.
Рўзи дигар, 25-уми апрел, торнамои NoTorture.Tj хабар дод, ки «Эътилофи зидди шиканҷа рўзноманигоронро қадрдонӣ мекунад» .
- Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ба муносибати Рўзи байналмилалии озодии сухан рўзноманигорон ва воситаҳои ахбори оммаи дар инъикоси масоили шиканҷа фаъолро бо диплом ва мукофотҳо қадрдонӣ намояд.
Ба диплому мукофот рўзноманигороне сазовор дониста мешаванд, ки пайваста қазияҳои вобаста ба шиканҷа ва дигар намудҳои муносибатҳои бераҳмонаву ғайриинсониро инъикос намуда, ба ин васила барои пешгирӣ ва ё заиф кардани доираи истифодаи чунин амалҳои номуносиб саҳм гузоштаанд. Ҳамзамон, воситаҳои ахбори оммае соҳиби диплому мукофот мегарданд, ки барои нашри матолиби рўзноманигорон ва ибрози андешаи қурбониёни шиканҷа ва наздикони онҳо замина фароҳам овардаанд,- шарҳ дод торнамо.
Ниҳоят, санаи 29-уми апрел торнамои NoTorture.Tj хабар дод, ки «Дар Тоҷикистон амалисозии лоиҳаи нав оид ба пешбурд ва ҳимояи ҳуқуқи инсон бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо оғоз мешавад» .
- Иттиҳоди Аврупо (ИА) маблағгузории лоиҳаи «Муттаҳидсозии кўшишҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба мониторинги иҷроиши уҳдадориҳои милливу байналмилалии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон»-ро дар доираи барномаи «Воситаи аврупоӣ дар самти демократия ва ҳуқуқи инсон» (ВАДҲИ) оғоз намуд. Шарикони лоиҳа Ҳамкории байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон (Белгия) (шарики асосии лоиҳа), фонди ҷамъиятии "Нотабене" ва Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон (Тоҷикистон) ба шумор мераванд. Дар амалисозии лоиҳа инчунин Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон иштирок менамояд. Давомнокии лоиҳа 24 моҳ буда, маблағи он 513 671 евроро ташкил медиҳад. Лоиҳа ба дастгирӣ ва мустаҳкамсозии кўшишҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ барои мусоидат ба риояи стандартҳои байналмилаливу миллӣ дар самтҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон, бо шумули озодии ибрози ақида, ассотсиатсияҳо ва ҷамъомадҳо, манъи табъиз, озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона ва дастрасӣ ба адолати судӣ равона карда шудааст. Лоиҳа чунин шаклҳои фаъолиятро дар бар хоҳад гирифт: мониторинги ҳуқуқи инсон ва корбарии бевосита бо қурбониёни ҳуқуқвайронкуниҳо, омодасозии гузоришҳо ва рушди ҳуқуқи инсон, мустаҳкамсозии потенсиали намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, инчунин кор бо ВАО,- омадааст дар шарҳи хабар.