Article Pages

Мо бандҳои боби 3-и Нақшаи амали солҳои 2023-2025 ба Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038, ки ба озодӣ аз шиканҷа ва намудҳои дигари муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф, бахшида шудаанд, намоён намудем.          

01.10.2024 - 11:55

Вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо дар арафаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар аз комиссариатҳои ҳарбии вилояту шаҳру навоҳӣ хост дар маъракаи даъват ба усулҳои ғайриқонунӣ даст назананд. Дар ин бора, тавре дар сомонаи Вазорати мудофиа хабар дода мешавад, ӯ рӯзи 23-юми сентябр дар як ҷаласаи бахшида ба даъвати дарпешистода сухан гуфт. Зимни вохӯрӣ ӯ нахуст дастуру...

27.09.2024 - 12:47

Ташкилоти ҷамъиятии «Машваратчиёни ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон аст, барои машваратчиёни ҳуқуқии судҳои вилояти Суғд трениги навбатиро баргузор намуд. Чорабинӣ дар доираи лоиҳаи «Дастгирии ташаббусҳои шаҳрвандӣ оид ба пешгирии шиканҷа дар Тоҷикистон», ки дар доираи созишномаи субгрантии «Дастгирии Эътилофи ҷомеаи...

25.09.2024 - 12:28

Аз 2 то 13-уми сентябри соли 2024 ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон» дар ҳамкорӣ бо Фонди Хелсинки оид ба ҳуқуқи инсон барои намояндагони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари омӯзишӣ ба Лаҳистон ташкил намуд. Дар доираи сафари омӯзишӣ бо роҳбарияти системаи пенитенсиарии Лаҳистон, намояндагони ВКХ Лаҳистон, Департаменти Шарқӣ вохӯриҳо доир гардида...

24.09.2024 - 12:30

Душанбе, 1-уми октябри соли 2024 онлайн-тренинги якрӯзаи «Мафҳум ва моҳияти озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар қонунгузории миллӣ» барои ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад. Чорабинии мазкур ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ бо мақсади боло бурдани маърифати ҳуқуқии ҷомеа оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон, бахусус озодӣ аз шиканҷа ва муносибати...

23.09.2024 - 19:30

(Иқтибос: қ.3, б. 47 Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038*) 47.       Самтҳои асосӣ ва муҳимми фаъолият ҷиҳати амалисозии Стратегияи миллӣ инҳо ба шумор мераванд:...- таҳияи низоми самараноки пешгирӣ, тафтиш, таъқиб ва ҳимоя аз шиканҷа ва намудҳои дигари муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё...

20.09.2024 - 18:14

Аз 29-уми август то 5-уми сентябри соли 2024 ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон», созмони ҳамоҳангсози фаъолияти Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ва гурӯҳи мониторингии он дар муассисаҳои ислоҳотӣ як қатор чорабиниҳои иттилоотӣ доир намуд. Чорабиниҳои иттилоотӣ дар муассисаҳои ислоҳотии зерин гузаронида шуданд: муассисаи ислоҳотии низомаш пурзӯри ЯС ¾, ш. Душанбе;...

19.09.2024 - 10:57

(Иқтибос: б. 26 Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038*) Маълумоти оморӣ ва нишондиҳандаҳо дар соҳаи ҳуқуқи инсон дар ҷараёни иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон нақши муҳимро мебозанд. Кумитаи зидди шиканҷа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия дод, ки маълумоти омории марбут ба мониторинги иҷрои Конвенсияи зидди шиканҷа...

18.09.2024 - 18:09

(Иқтибос: б. 21 Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038*) Шумораи бештари тавсияҳо ба ташкили механизмҳои самарабахши пешгирӣ ва мубориза бо шиканҷа дар Тоҷикистон равона гардидаанд, ба монанди: - мониторинги мустақили ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ва маҳдуд кардани озодӣ ва дастрасии ниҳодҳои байналмилалӣ ва миллӣ барои гузаронидани...

16.09.2024 - 17:59

Дар давраи ҳисоботӣ 9 нафар барои офиятбахшӣ муроҷиат карданд, ки аз онҳо 7 нафар мардон (як писари ноболиғ) ва 2 нафарашон занон мебошанд. Аз шумораи умумии қурбониён 6 нафар бевосита аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона зарар дида, 3 нафар хешовандони ҷабрдидаҳо мебошанд. Шаш ҷабрдида, ки бевосита аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона зарар дидаанд, аз зарба ба сар, рӯй ва пойҳо, зарбаҳо ба пушт...

12.09.2024 - 18:51

Страницы