Таъкиди вазир: Ҷиноят нокушода монад ҳам, шиканҷа накунед!

Дар моҳи июни соли 2018 таваҷҷуҳ ба масъалаи истифодаи шиканҷа ва талошҳо барои пешгирии он зиёд буд.

Рӯзи 1-уми июни соли равон торнамои NoTorture.Tj бо пахши хабаре таҳти унвони «Озмун барои логотип ва шиори Эътилофи зидди шиканҷа»  навишт, ки «Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар арафаи Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа, ки ҳар сол 26-уми июн таҷлил мегардад, барои беҳтарин логотип ва шиори Эътилоф озмун эълон мекунад. Нафари ғолиб бо диплом ва туҳфаи арзишманд мукофотонида мешавад. Мақсади озмун - коркарди логотип (рамз) ва шиор дар шакли рамзӣ, ки ҳадафҳои асосӣ, вазифаҳо ва самти фаъолияти Эътилофро инъикос намояд ва барои истифода бурдан ба сифати рамз дар оянда пешбинӣ шуда бошад. Ҳангоми коркарди лоиҳа муаллиф (муаллифон) бояд барои дарёфти маънои фаҳмову хуб эзоҳдиҳанда кӯшиш намояд. Лоиҳа бояд бо тавсифу тавзеҳи муаллифии аҳамияти рамзӣ дошта муҷаҳҳаз бошад. Логотип бояд чунин маъноро дақиқ шарҳ дода тавонад: «Мо муқобили шиканҷа ва бераҳмием!», «Беҷазоиро боз дор!»».

Дар ҳамин сана, яъне 1-уми июн, торнамои мазкур эълони дигареро бо номи «Озмун барои беҳтарин тадқиқоти журналистӣ дар мавзуи шиканҷа»  пахш кард.

- Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар арафаи Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа, ки ҳар сол 26-уми июн таҷлил мегардад, миёни рӯзноманигорон барои беҳтарин тадқиқоти журналистӣ дар мавзуи шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар кишвар озмун эълон мекунад. Муаллифони се матлаби беҳтарин бо диплом ва туҳфаҳои арзишманд мукофотонида мешаванд,- афзуд торнамо.

Аммо, бояд гуфт, ки ин тасмими ягона нест. Санаи 21-уми июн торнамои NoTorture.Tj хабар дод, ки «Эътилофи зидди шиканҷаи Тоҷикистон ба дастгирии қурбониёни шиканҷа намоиши аксҳо мегузаронад».

- Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа - 26-уми июн намоиши анъанавии аксҳоро бахшида ба қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаҳои онҳо баргузор менамояд. Ба чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ғайридавлативу байналмилалӣ, инчунин намояндагони ВАО даъват шудаанд. Даромадан ба чорабинӣ барои ҳамаи хоҳишмандон озод аст,- аз ҷумла навишт торнамои мазкур.

Рӯзи 26-уми июн бошад, торнамои Faraj.tj бо пахши хабар таҳти унвони «Намоиши аксҳои Эътилофи зидди шиканҷаи Тоҷикистон»  аз ҷумла навишт, ки «имрӯз дар бинои «Душанбе Плаза» Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа намоиши анъанавии аксҳоро бахшида ба қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаҳои онҳо баргузор кард. Дар ин чорабинӣ 18 қиссаи аксӣ пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд».

Торнамои NoTorture.Tj ҳам санаи 26-уми июн гузориши муфассале таҳти унвони «Дар Тоҷикистон муқобили шиканҷа баромад карданд»  пахш намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Намоишҳои аксҳо ба дастгирии қурбониёни шиканҷа рӯзи 26-уми июн якбора дар се шаҳри кишвар - Душанбе, Бохтар ва Хуҷанд баргузор гардиданд».

- Чунин намоишҳо муҳим ва заруранд. Ман фикр мекунам, ки чунин чорабиниҳоро зиёдтар гузаронидан лозим аст, на танҳо дар рӯзи 26-уми июн,- гуфтааст яке аз иштирокдорони чорабинӣ, судяи Суди ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Пайрав Наимзода.

Ба гуфтаи ӯ, солҳои охир дар суди ин ноҳияи пойтахт ду ҳолате буд, ки судшавандаҳо дар бораи таҳти шиканҷа нишондоди худиқрорӣ доданашон арз карданд. «Бо таъиноти судяҳо чунин аризаҳо ҳатман барои санҷиш ба прокуратура фиристода мешаванд»,- мегӯяд Пайрав Наимзода.

Намояндаи Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир Раҳматулло Нумонзода ва сардори хадамоти бехатарии ВКД ҶТ Шералӣ Сабзов ҳам гуфтаанд, ки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба корҳои пешгирикунанда аҳамияти зиёд медиҳад ва ҳамин аст, ки таҷрибаи истифодаи шиканҷа дар марҳилаи тафтишоти пешакӣ дар солҳои охир тамоили пастшавӣ дорад.

Санаи 27-уми июн торнамои Радиои «Озодӣ» бо номи «Раҳимзода: Бигзор ҷиноят нокушода монад, аммо шиканҷа накунед»  гузориши муфассале пахш намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа бо намоиши акси қурбониёни шиканҷа талош карданд, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи Тоҷикистонро ба ин масъала ҷалб кунанд. Шиканҷа аз мушкилҳои аслӣ дар кори мақомоти тоҷик гуфта мешавад ва масъулон низ мегӯянд, ба он бархӯрди шадид доранд. Аз ҷумла, Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилӣ гуфтааст, «бигзор ҷиноят нокушода монад, аммо шиканҷаро раво набинед»».

Оҷонсии иттилоотии «Азия - плюс» ҳам санаи 28-уми июн дар ин маврид бо номи «Аксҳои 18 ҷабрдида аз шиканҷа ва кирдори бераҳмона дар Тоҷикистон»  матлаб пахш кард.

Бояд гуфт, ки моҳи июни соли ҷорӣ мавзуи сарбозон ҳам расонаӣ шуд. Рӯзи 1-уми июн торнамои Радиои «Озодӣ» гузорише таҳти унвони «Зарби чӯб Мазбутҷонро пеш аз даҳ рӯзи анҷоми хидмат кушт»  пахш кард.

- Наздикони як марзбони 21-сола, ки 10 рӯз пеш аз анҷоми хидматаш ба ҳалокат расидааст, мехоҳанд, додгоҳ омилони марги ӯро ҷазои сахт бидиҳад. Волидони Мазбутҷон Мансуров, ки моҳи март ҳалок шуд, мегӯянд, ду соли зиндони шартӣ барои яке аз афсарон, ки бар марги писараш гунаҳкор дониста шуд, ҷазои бисёр сабук аст. Онҳо мехоҳанд, Додгоҳи олӣ қазияро бознигарӣ карда, омилони марги писари ҷавонашонро ҷазои сахт бидиҳад,- аз ҷумла омадааст дар гузориш.

Ҳамин торнамо, яъне Радиои «Озодӣ» санаи 4-уми июн гузориши дигаре таҳти унвони «Модари сарбоз қотили писарашро бахшид»  пахш карда, аз ҷумла навишт: «Модари як сарбозе, ки чанд моҳи пеш писараш бар асари латукӯб ҷон дод, дар мурофиаи додгоҳӣ қотили фарзандашро бахшидааст. Ин амали Навбаҳор Суюнова - сокини шаҳри Леваканд, ки ҳанӯз доғи фарзанд бар сина дорад, бисёриҳо, бавижа сарбозонро ҳайратзада кард. Муҳсинхӯҷа Султонов, ки барои қатли Ҳасан Каримов аз сӯи додгоҳ ба 10 сол зиндон маҳкум шуд, дар мурофиа гуфтааст, ки пас аз адои муҳлати ҷазо, ин занро парасторӣ хоҳад кард».

Лозим ба ёдоварист, Ҳасан Каримов 28-уми марти соли ҷорӣ дар ҳоле, ки ҳанӯз як соли хизматашро пурра накарда буд, бар асари латукӯб ҷон бохт ва мақомот рӯзи якуми март ҷасадашро ба наздиконаш супурданд.

Бояд гуфт, ки дар моҳи июни имсол як қатор қазияҳои дигари марбут ба масоили шиканҷа низ расонаӣ шуданд. Санаи 1-уми июн торнамои NoTorture.Tj бо пахши хабар таҳти унвони «Суд барои санҷиши далелҳои шиканҷа таъинот баровард»  навишт, ки «бо таъиноти судяи Суди Олӣ парвандаи се нафар шаҳрванди Тоҷикистон боздошта ва барои санҷиш дар самти шиканҷа ба Прокуратураи генералӣ ирсол карда шудааст. Дар ин бора адвокат Ориф Султонов, ки аз чониби ташкилоти ҷамъиятии “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон”, ки узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шаканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон мебошад, ҷалб гардидааст - иттилоъ дода, афзуд, ки «санаи 13-уми январи соли 2018 Прокуратураи ноҳияи Рашт нисбати Абдураҳмонов Саидмурод Сайраҳмонович, Ятимов Мададшо Искандарович ва Қаҳҳоров Иброҳим Гадоевич бо моддаҳои 104 қисми 2 ва 186 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудааст. Нисбати гумонбаршудагон - нозирони минтақавӣ, кормандони кофтукови ҷиноятии РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт латукӯбро раво дидаанд. Шиканҷа дар намуди латукӯб дар қисмати поёнии бадан ва дар қисмати болои сар сурат гирифта, аз он ҷумла, дар натиҷа Абдураҳмонов Саидмурод ношунаво шудааст».

Торнамои Faraj.tj ҳам рӯзи 4-уми июн бо номи «3 корманди милиса барои латукӯб гунаҳгор дониста мешаванд»  хабар пахш кард.

Санаи 7-уми июн торнамои NoTorture.Tj таҳти унвони «Ариза нисбати Прокуратураи генералӣ дар суд баррасӣ мешавад»  хабар пахш кард, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Рӯзи 13-уми июн соати 9:00 дар Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таҳти назари раисикунанда судя Мирзо Одиназода аризаи ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» ва адвокат Абдураҳмон Шарипов нисбати Прокуратураи генералӣ баррасӣ мегардад. Бояд гуфт, ташкилоти ҷамъиятии мазкур ва адвокат оид ба парвандаи Исмонбой Бобоеви дар соли 2010 ҳангоми боздошт аз ҷониби РМЗҶМ-и Суғд дар натиҷаи шиканҷа фавтидаву нисбати Прокуратураи генералӣ, ки ба қавли онҳо, дар мавриди ин парванда ба нақзи қонун роҳ додааст, ба Суди ноҳияи Сино шикоят бурда буданд».

Торнамои Радиои «Озодӣ» ҳам дар ин маврид гузорише таҳти унвони «Марги мармузи Исмонбой Додситонии кулро ба додгоҳ кашонд»  пахш кард.

- Бо гузашти ҳашт сол аз ҳодиса ҳанӯз сабаби аслии марги Исмонбой Бобоев мушаххас нашуда, омилони марги ӯ ҷазо нагирифтаанд. Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон даъво дорад, ки Додситонии кулл марги мармузи Исмонбой Бобоев, сокини Хуҷандро дар Шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилӣ дар Суғд баррасӣ накардааст,- аз ҷумла омадааст дар гузориш.

Торнамои NoTorture.Tj рӯзи 8-уми июн хабаре таҳти унвони «Вафот ҳангоми боздошт: айбдоркунандаи давлатӣ барои корманди ШВКД-и ноҳияи Дӯстӣ 9 соли маҳрумият аз озодӣ хост»  пахш карда, аз ҷумла навишт: «Дар Суди вилояти Хатлон мурофиаи судӣ нисбати корманди фаврии шуъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ШВКД Маҳмадулло Идиев бо ҷурми он, ки ҳангоми боздошт сокини маҳаллӣ Толиб Дӯстов вафот кард, идома дорад. Дар ҷараёни мубоҳисаи ҷонибҳо прокурор Мирзо Қурбонзода аз суд дархост намуд, ки судшаванда - корманди фаврии шуъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ШВКД-и ноҳияи Дӯстӣ Маҳмадулло Идиев ба 9 соли маҳрумият аз озодӣ ва ҷазои иловагӣ дар шакли чор сол маҳрум сохтан аз ҳуқуқи машғул шудан ба вазифаҳои муайян маҳкум карда шавад».

Ҳамин торнамо, яъне NoTorture.Tj санаи 22-юми июн хабари дигаре бо номи «Прокуратураи шаҳри Душанбе бо моддаи «шиканҷа» парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард»  пахш намуд.

- 19-уми июни соли 2018 Прокуратураи шаҳри Душанбе аз рӯи далели фавти Абдурасул Назаров бо моддаи 143, эзоҳи 1 парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард,- омадааст дар ин матлаб. Тавре қаблан хабар дода шуда буд, сокини шаҳри Кӯлоб Абдурасул Назаров, кибо оилааш муваққатан дар пойтахт зиндагӣ мекард, аз ҷониби кормандони ШВКД-2-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо гумони гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт гардид. 29-уми март ӯ аз ҷониби кормандони милитсия ба Маркази миллии тиббии Тоҷикистон расонида шуд. Табибони шуъбаи қабул барои муайян кардани сабабҳои вафот ташхис гузарониданд. Хешовандони марҳум боварӣ доранд, ки Абдурасул Назаров дар натиҷаи шиканҷа фавтидааст. «Пеш аз гӯронидан изи латукӯбу доғҳо аз ҷониби мо наворбардориву акс гирифта шуд»,- мегӯянд онҳо.

Торнамои Радиои «Озодӣ» рӯзи 25-уми июн бо пахши матлабе таҳти унвони «Наздикони як зиндонӣ иддао доранд, ки ӯ латукӯб шудааст»  чунин хабар дод: «Фазлиддин Сафаров, як зиндонии маҳкум ба ҳабси абад, ки бо ҷурми куштори инсон тайи 13 сол аст дар маҳбаси шаҳри Бохтар (дар гузашта Қӯрғонтеппа) ба сар мебарад, иддао дорад, ки аз ҷониби кормандони ин зиндон мавриди латтукӯб ва шиканҷа қарор гирифтааст. Вай ҳангоми мулоқот бо наздиконаш дар ҳафтаи гузашта гуфтааст, ки панҷ сол қабл баъди арзу додаш ба як намояндаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба бадрафтории кормандони маҳбас, дучори азияту озор шудааст».

Дар ҳамин ҳол, санаи 25-уми июн торнамои NoTorture.Tj хабаре бо номи «Адвокатҳои Душанбе, НТМ ва ВМКБ усулҳои ҳимояи қурбониёни шиканҷаро омӯхтанд»  пахш ард.

- Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳуқуқ ва беҳбудӣ» дар доираи фаъолияти Гуруҳи кӯмаки ҳуқуқӣ (ГКҲ)-и Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи адвокатҳои кишвар барои адвокатҳои амалкунандаи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе ва НТМ трениг гузаронид. Дар тренинг адвокатҳои ҷавон аз шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Турсунзода, ноҳияҳои дарвоз, Рашт, Рӯдакӣ, Ҳисор иштирок карданд. Ин идомаи силсилаи тренингҳои иттилоотонӣ оид ба стратегия ва усулҳои ҳимояи қурбониёни шиканҷа ва муносибатҳои бераҳмона дар манотиқи кишвар аст, ки соли 2017 оғоз гардида буданд. Дар умум, дар нақша аст, ки зиёда аз 70 нафар адвокатҳо аз вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ бо барномаи омӯзишӣ фаро гирифта шаванд,- навишт торнамои мазкур.

NoTorture.Tj