Натиҷагирӣ аз фаъолиятҳои вобаста ба пешгирии шиканҷа

Баҳси парвандаи пурсарусадои Исмонбой Бобоев, ки чанд сол боз идома дорад, дар моҳи августи соли 2018 ҳам расонаӣ шуд.

Санаи 20-уми август торнамои NoTorture.Tj бо пахши матлаби муфассал таҳти унвони «Коллегияи кассатсионии Суди шаҳри Душанбе шикояти ҳимоятгарони ҳуқуқро қонеъ накард»  навишт, ки «Коллегияи кассатсионии Суди шаҳри Душанбе шикояти кассатсионии ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» ва адвокат Абдураҳмон Шариповро, ки оид ба парвандаи Исмонбой Бобоеви дар соли 2010 ҳангоми боздошт дар РМЗҶМ-и Суғд дар натиҷаи шиканҷа фавтида баромад мекунад, аз болои қарори суди зинаи аввал бо асоси «наёфтан»-и хатоӣ аз ҷониби Прокуратураи генералии кишвар қонеъ накард».

Ба навиштаи ин торнамо, дар қарори коллегияи кассатсионӣ омадааст, ки «бинобар асоснок набудани далелҳои овардашуда, қарори суди зинаи аввал бетағйир мононда шавад. Барои бекор намудани қарори прокуратура оид ба ирсоли парвандаи ҷиноятӣ ба Раёсати тафтишотии ВКД ҶТ асос нест».

Торнамо ҳамзамон ёдовар шудааст, ки «Суди ноҳияи Сино аризаи ҳимоятгарони ҳуқуқро, ки бекор намудани қарори Прокуратураи генералиро дар бораи супоридани парвандаи ҷиноятӣ барои тафтишоти иловагӣ ба Раёсати тафтишотии ВКД ҶТ оид ба далели марги Исмонбой Бобоев талаб карда буданд, қонеъ насохт. Аз рӯи ин парванда Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон 7-уми августи соли 2017 мулоҳизоти худро ба Ҳукумати Тоҷикистон барои иҷроиш фиристод. Дар он зикр мешавад, ки аз марги писари Ҷӯрабой Бобоев зиёда аз ҳашт сол гузаштааст, вале то ҳол сабабҳои кашол додани тафтишот ва ба ҷавобгарӣ ҷалб накардани гунаҳгорон маълум нест. ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» ва адвокат Абдураҳмон Шарипов, ки оид ба парвандаи Исмонбой Бобоеви дар соли 2010 ҳангоми боздошт дар РМЗҶМ-и Суғд дар натиҷаи шиканҷа фавтида баромад мекунад, ба Прокуратураи генералӣ ариза доданд. Дар ариза дархост мегардад, ки мулоҳизоти Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон иҷро шуда, тафтишот аз сар гирифта ва нафарони гунаҳгор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб карда шаванд».

Аммо ин ягона хабар дар мавзуи шиканҷа дар моҳи август нест. Санаи 17-уми август торнамои СССР.tj ҳам бо пахши гузорише таҳти унвони «Сарбози қаториро бо сигор шиканҷа карданд?»  чунин хабар дода буд: «Сарбози қаторие, ки дар қисми ҳарбии 3503-и ВКД ҶТ дар ш. Бохтар адои хизмат мекунад, дар ҳар 2 пойҳояш нишони оташи сигор аст... 1 манбаи муътамад аз беморхонаи клиникии №3-и ш. Душанбе занг зада хабар дод, ки сарбозеро бистарӣ кардаанд, ки дасташ осеб дида, дар ҳар 2 пойҳояш захми оташи сигор дида мешавад».

- Рӯзи 5-уми август мухбири СССР барои тасдиқ кардани хабар ба аёдати сарбоз ба беморхона сафар намуд. Ҳангоми ворид шудан ба ҳуҷра сарбоз бистарӣ буду корманди Прокуратураи ҳарбии гарнизони ш. Бохтар аз ӯ маълумот мегирифт. Суҳбати корманди прокуратура 1 соат тӯл кашид. Бино ба иттилои дарёфтӣ, сарбози бистарӣ аз деҳаи «Овчӣ»-и н. Деваштичи вилояти Суғд, Ҷобирҷони Бобосоҳиб, санаи таваллудаш 2000 аст. Сардухтури шуъбаи осебшиноси дар суҳбат иброз дошт, ки сарбоз 3 рӯз бистарӣ буд ва кормандони прокуратураи ҳарбӣ ӯро бо худ бурданд. Дар суҳбат иҷрокунандаи вазифаи прокурори ҳарбии ш. Бохтар Тоҳирзода Шаҳбоз афзуд, ки ҳоло сарбозро аз беморхона ҷавоб додаанд ва ӯ дар прокуратураи ҳарбӣ қарор дорад. Тоҳирзода мегӯяд, баъди ташхиси тиббӣ табибон хулоса бароварданд, ки ин нишонаи оташи сигор на, балки 1 намуди касалии сироятист. Подполковники қисми ҳарбии 3503-и ш. Бохтар Иброҳимзода низ мегӯяд, ин пайи оташи сигор нест ва ин 1 навъе аз бемории сироятист, ки чунин беморон дар қисми ҳарбӣ беш аз 10 нафарро ташкил мекунанд. Ҷобирҷон дар суҳбат бо мухбир бо тарс мегӯяд, ки «маро касе насӯзондааст ва осеби дастам ҳангоми машқ кардан шудааст. Маро командири част ваъда додааст, ки ба вилояти Суғд гузариш (перевод) мекунад». Тоҳирзода Шаҳбоз - иҷрокунандаи вазифаи прокурори ҳарбии ш. Бохтар дар назди сарбоз афзуд, «новобаста аз ин, ки 1 бор хато карду аз мо хоҳиш намуд, ки маро ба ш. Хуҷанд гузариш кунед, мо афсарон ваъда додем, ки дар наздикии хонаат адои хизмат мекунӣ». Аммо сарбоз чӣ хато кард? Чаро ӯро дар ш. Бохтар бистарӣ накарданд? Чаро сарбоз ба Хуҷанд гузариш (перевод) мегирад? Шояд «таги коса нимкосае ҳаст?», ки барои лол будани сарбоз ӯро ба ш. Хуҷанд гузариш мекунанд. Аз суҳбати сарбоз эҳсос намудам, ки дар ҳолати шиканҷа қарор дошт, аммо онро пинҳон мекард…,- тафсилот додааст торнамои мазкр.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар моҳи август дар мавриди таваҷҷуҳ ба масъалаи пешгирии шиканҷа хабар дода шуд. Торнамои NoTorture.Tj рӯзи 4-уми август матлабе бо номи «Дар Суғд тренинг оид ба стратегия ва усулҳои ҳимояи қурбониёни шиканҷа баргузор гардид»  пахш кард.

- Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тренингҳои омӯзиширо оид ба стратегия ва усулҳои ҳимояи қурбониёни шиканҷа ва муносибатҳои бераҳмонаву пастзананди шаъну шараф баргузор намуд. Рӯзҳои 27-28-уми июли соли 2018 тренинги хотимавии дурӯза бо иштироки адвокатҳои шаҳрҳои Исфара, Хуҷанд, Истаравшан, Бӯстон ва ноҳияҳои Б. Ғафурову Ҷ. Расулови вилояти Суғд доир гардид. Барномаи тренингҳо масоилеро аз қабили стандартҳои асосии байналмилалӣ ва қонунгузории миллӣ оид ба озодӣ аз шиканҷа, стандартҳои Протоколи Истамбулӣ, инчунин кафолатҳои асосии ҳуқуқи боздоштшудагону маҳбусонро дар бар мегирифт. Иштирокчиёни тренинг бо намунаи фаъолияти адвокатҳо дар мавриди таваҷҷуҳ ба аризаҳо оид ба истифодаи шиканҷа дар зинаҳои гуногуни истеҳсолоти судии ҷиноятӣ шинос гардида, ҳамзамон стратегияҳои амалӣ дар бораи ҳимояи қурбониёни шиканҷаро коркард намуданд,- аз ҷумла гуфта мешавад дар ин матлаб.

Ҳамзамон, дар моҳи август оид ба як қатор талошҳо баҳри пешгирии шиканҷа ва муносибати бераҳмона иттилоъ дода шуд. Торнамои NoTorture.Tj санаи 2-юми август бо номи «Натиҷаҳои фаъолияти Гуруҳ оид ба офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ва оилаҳои онҳо барои моҳҳои январ-июни соли 2018: ба 31 ҷабрдида кӯмак расонида шуд» , рӯзи 3-юми август таҳти унвони «Гуруҳи кӯмаки ҳуқуқӣ, январ-июни соли 2018: 23 муроҷиат оид ба шиканҷа ва муносибати бераҳмонаи эҳтимолӣ» , 5-уми август бо номи «Гуруҳи мониторингӣ, нимсолаи аввали соли 2018: 8 боздид аз муассисаҳои пӯшида ва 3 хабар дар бораи муносибати бераҳмона» , 6-уми август таҳти унвони «Амалисозии Протоколи Истамбулӣ, январ-июни соли 2018: адвокатҳо ва табибон ҳуҷҷатгузории тиббии шиканҷаро меомӯзанд» , 8-уми август бо номи «Маркази таҳлилӣ, январ-июни соли 2018: гузориши ТҒД омода ва ба Кумитаи зидди шиканҷа пешниҳод гардид»  ва 9-уми август таҳти унвони «Гуруҳи расонаӣ, январ-июни соли 2018: аксия, мукофотонӣ, видеоролик»  матолиб пахш намуда, аз фаъолияти гуруҳҳои кории Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон натиҷагирӣ кард.

NoTorture.Tj