Декабр - 2021: аз чорабиниҳои мавзуӣ то бозгашт ба қазияи шиканҷаи Бобокалонов

Дар моҳи декабри соли 2021 расонаҳо бештар ба мавзуи қайд кардани  Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон ва бозгашт ба қазияи шиканҷаи шаҳрванд Хуршед Бобокалонов таваҷҷуҳ доданд.

Санаи 2-юми декабр торнамои NoTorture.Tj таҳти унвони «Discussion Day, бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон» (https://notorturetj.org/tj/news/discussion-day-bahshida-ba-ruzi-baynalmilalii-khukuki-inson) матлабе пахш кардаву навишт, ки «ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон», ки узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад, ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон чорабинии Discussion Day-ро мегузаронад. Чорабинӣ 4-уми декабр аз соати 18:00 то 20:00 дар шаҳри Душанбе, дар макони машҳур барои ҷавонон - Parking баргузор мегардад. Иштирокдоронро дар анҷом дастури мухтасар оид ба ҳуқуқи инсон, инчунин баҳсҳои оммавии беҳтарин мубоҳисон интизоранд. Иштирок дар ин чорабинӣ ба ҷавонон имконият медиҳад, то аз ҳуқуқу озодиҳои худ огоҳ гарданд ва ҳамзамон таҷрибаи бебаҳо бигиранд».

Торнамои мазкур худи ҳамин рӯз, яъне 2-юми декабр бо пахши хабар таҳти унвони «Барномаи радиоӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон» (https://notorturetj.org/tj/news/barnomai-radioi-bahshida-ba-ruzi-baynalmilalii-khukuki-inson) хабар дод, ки «2-юми декабри соли 2021 давоми як соат, аз соати 17:00 то 18:00 дар мавҷи мустақими Asia-Plus барномаи «Mix show»: Қонун ва ҳуқуқ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон дар доираи чорабинии 10-рӯза таҳти шиори «Ҳар як ҳуқуқи инсон муҳим аст!», ки аз ҷониби Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ташкил карда шудааст, доир гардид».

Бино ба иттилои торнамо, дар ҷараёни баргузории барномаи радиоӣ коршиносон ба чунин саволҳо посух додаанд:

- Ҷумҳурии Тоҷикистон кай Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмонаву ғайриинсониро имзо кард?

- Шиканҷа чист?

- Чӣ кор бояд кард, агар дучори шиканҷа гардӣ?

- Агар ман дар тавқифгоҳ қарор дошта бошам, адвокат чӣ гуна пешниҳод карда мешавад?

- Агар аз доғҳои дар натиҷаи шиканҷа бардошта осоре намонда бошад чӣ?

- Оё нишондодҳои дар натиҷаи шиканҷа бадастомада далел барои исбот буда метавонанд?

- Чӣ бояд кард, агар аз оғози парвандаи ҷиноятӣ рад карда шавад?

- Фаразан, агар парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудаву суд ҳукми айбдорӣ барорад, ба ман ягон хел ҷуброн дастрас мегардад?

Ин торнамо ҳамзамон рӯзи 3-юми декабр матлаби дигаре бо номи «2 дар 1: машваратҳои ҳуқуқии сайёр ва эдвокасии COVID-19» (https://notorturetj.org/tj/news/2-dar-1-mashvaratkhoi-khukukii-sayyor-va-edvokasii-covid-19) пахш кардаву аз ҷумла навишт, ки «Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва Иттифоқи адвокатҳои кишвар дар доираи чорабинии 10-рӯза таҳти шиори «Ҳар як ҳуқуқи инсон муҳим аст!» бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон 3-юми декабр аз соати 10:00 то 12:00 дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе машваратҳои ҳуқуқии сайёри ройгон гузаронид».

«Машваратҳои ҳуқуқии сайёр ва эдвокасии COVID-19 дар Бохтар, Ҳисор ва Турсунзода» (https://notorturetj.org/tj/news/mashvaratkhoi-khukukii-sayyor-va-edvokasii-covid-19-dar-bohtar-khisor-va-tursunzoda) яке аз дигар матолиби торнамои NoTorture.Tj буд, ки санаи 6-уми декабр пахш гардида, дар он аз ҷумла гуфта мешуд: «Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Коллегияи адвокатҳои шаҳри Бохтари вилояти Хатлон 6-уми декабр дар Бохтар, инчунин коршиносони Эътилоф дар НТМ (шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода) машваратҳои ройгони ҳуқуқии сайёр расониданд. Чорабиниҳо дар доираи иқдоми 10-рӯза таҳти шиори «Ҳар як ҳуқуқи инсон муҳим аст!» бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон баргузор гардиданд».

Дар ҳамин замина ва худи ҳамин рӯз, 6-уми декабр, торнамо хабари дигареро бо номи «Дар Суғд бо ҷавонон вохӯриҳои иттилоотӣ оид ба ҳуқуқи инсон доир мегарданд» (https://notorturetj.org/tj/news/dar-sugd-bo-chavonon-vohurikhoi-ittilooti-oid-ba-khukuki-inson-doir-megardand) пахш кард.

Рӯзи 9-уми декабр бошад, торнамои мазкур хабаре таҳти унвони «Эътилофи зидди шиканҷа дар мавзуи «Озодӣ аз шиканҷа» барои соли 2022 тақвим нашр кард» (https://notorturetj.org/tj/news/etilofi-ziddi-shikancha-dar-mavzui-ozodi-az-shikancha-baroi-soli-2022-takvim-nashr-kard) пахш намуд.

- Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон барои соли 2022 дар мавзуи «Озодӣ аз шиканҷа» тақвимҳои девориву рӯимизӣ нашр карда, онҳоро миёни шарикону ҳамкорон паҳн намуд. Дар ҳар саҳифаи ҷуфти тақвим маълумот оид ба озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона (мувофиқи стандартҳои байналмилаливу миллӣ шиканҷа чист, барои чунин амали ҷинояткорона чӣ гуна ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардидааст ва ғайра), инчунин рақамҳои телефонии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва телефони боварии Эътилофи зидди шиканҷа, ки тариқи он дар тамос шудаву дар бораи ҳолатҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона хабар додан мумкин аст, ҷой дода шудааст. Ба тақвим инчунин экосумка бо рамзи Эътилоф ва навиштаи «Ҳар як ҳуқуқи инсон муҳим аст!» илова гардидааст,- гуфта мешавад дар хабар.

Дар нимаи дуввуми моҳ бошад, таваҷҷуҳи расонаҳоро қазияи пурсарусадои шиканҷаи шаҳрванд Хуршед Бобокалонов дигарбора ҷалб кард.

Торнамои NoTorture.Tj дар ин маврид санаи 16-уми декабр матлабе таҳти унвони «ММҲҲИ: Тоҷикистон ягон чорае марбут ба иҷрои тавсияҳои КҲИ оид ба парвандаи Хуршед Бобокалонов наандешид» (https://notorturetj.org/tj/news/mmkhkhi-tochikiston-yagon-chorae-marbut-ba-ichroi-tavsiyakhoi-kkhi-oid-ba-parvandai-hurshed) пахш кардаву хабар дод, ки «Тоҷикистон ягон чораи марбут ба иҷрои тавсияҳои КҲИ аз рӯйи парвандаи  №2707/2015 (CCRP \C\128\D\2707\2015, ICCPR on behalf of Ms. Saodat Kulieva) наандешидааст».

- Ёдовар мешавем, Кумита дар тавсияҳои худ ба ин хулоса омад, ки «давлати узв тафтишоти фаврӣ, холисона ва самараноки ҳолати фавти Хуршед Бобокалонов ва даъвои модараш Саодат Кулиеваро дар бораи шиканҷа ва муносибати ғайриқонунӣ нагузаронидааст» ва аз мақомоти тоҷик хост, то дар мавриди а) гузаронидани тафтишоти саривақтӣ, самаранок, ҳаматарафа, мустақил, беғаразона ва шаффофи шиканҷаву фавти писари муаллиф, инчунин таъқибу ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳгорон, b) доимӣ огоҳ сохтани муаллиф аз рафти тафтишот ва с) пардохти муносиби ҷуброн барои нақзи ҳуқуқҳои писараш, инчунин чораҳои муносиби офиятбахшӣ чораҳои муассир андешад. Бар замми ин, Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон ҳамзамон талаб кард,  то “дар давоми 180 рӯз аз ҷониби давлати узв маълумот дар бораи чораҳои андешидашуда тибқи Мулоҳизоти мазкур ироа гардад». Аз Тоҷикистон инчунин дархост карда шуд, ки матни Мулоҳизотро оммавӣ гардонад ва паҳнсозии онро бо забонҳои расмии давлати узв ба таври васеъ таъмин намояд,- навиш торнамои мазкур.

Оҷонсии иттилоотии «Asia-Plus» ҳам бо пахши матлабе таҳти унвони «Ҳимоятгарони ҳуқуқ: Тоҷикистон тавсияҳои Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ-ро оид ба парвандаи Хуршед Бобокалонов иҷро намекунад» (https://notorturetj.org/tj/news/khimoyatgaroni-khukuk-tochikiston-tavsiyakhoi-kumitai-khukuki-insoni-smm-ro-oid-ba-parvandai) дар ин маврид иттилооти дастрасашро ироа намуд.

Торнамои Радиои «Озодӣ» ҳам бо номи «Тоҷикистон талаби СММ барои таҳқиқи марги Хуршедро иҷро накард» (https://www.ozodi.org/a/31616437.html) матлабе пахш кардаву навишт: «Як созмони ҷамъиятӣ ба Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид навиштааст, ки Тоҷикистон дархости ин созмон барои таҳқиқи парвандаи марги Хуршед Бобокалоновро иҷро накардааст».

- Хуршед Бобокалонов, табиби 33-солаи тоҷик дар соли 2009 ҳангоми боздошти кормандони милиса фавтид ва парвандаи марги ӯ дар 12 соли ахир яке аз парвандаҳои пурсарусадои шиканҷа дар Тоҷикистон буд, ки борҳо дар долону толорҳои Созмони Милал дар бораи он суҳбат кардаанд. Пайвандонаш бовар доранд, ки ӯ зери шиканҷа фавтидааст, вале мақомот инро рад мекунанд. Соли гузашта Кумитаи Ҳуқуқи башари СММ дар посух ба номаи Саодат Қулиева, модари Хуршед аз ҳукумати Тоҷикистон таҳқиқи одилонаи ин ҳодисаро карда буд,- ёдовар шуд расонаи мазкур.

Дар ҳамин ҳол, торнамои NoTorture.Tj  санаи 22-юми декабр иттилоъ расонд, ки «КҲИ СММ ба ҳимоятгарони ҳуқуқ оид ба парвандаи Хуршед Бобокалонов посух дод» (https://notorturetj.org/tj/news/kkhi-smm-ba-khimoyatgaroni-khukuk-oid-ba-parvandai-hurshed-bobokalonov-posuh-dod).

- Моҳи марти соли оянда КҲИ СММ чораҳои андешидаи мақомоти Тоҷикистонро оид ба иҷрои Мулоҳизот, ки Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар мавриди эътирофи далели истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона аз ҷониби кормандони милитсия нисбати марҳум Хуршед Бобокалонов қабул намудааст, баҳогузорӣ мекунад. Ҳафтаи гузашта, 16-уми декабри соли 2021, ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» ба Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон (КҲИ) маълумот расонд, ки Тоҷикистон ягон чораи марбут ба иҷрои тавсияҳои КҲИ аз рӯйи парвандаи №2707/2015 (дар бораи эътирофи далели шиканҷа ва муносибати бераҳмона нисбати Хуршед Бобокалонов, ки дар натиҷа бо фавти ӯ анҷом ёфт) наандешидааст. ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» аз КҲИ СММ ба иттилоъ дар мавриди иҷро нашудани тавсияҳои КҲИ аз рӯйи парвандаи №2707/2015 (CCRP \C\128\D\2707\2015, ICCPR on behalf of Ms. Saodat Kulieva) аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон посухи расмӣ гирифт. КҲИ СММ дар симои раҳбари бахши шартномаҳо оид ба ҳуқуқи инсон Ибрагим Салам бо мактуб аз 20-уми декабри соли 2021 чунин посух медиҳад: «Барои ман боиси ифтихор аст таваҷҷуҳ додан ба раванди фаъолиятҳо дар мавриди иттилооти инфиродӣ, ки аз ҷониби Кумитаи ҳуқуқи инсон тибқи Пртоколи факултативӣ ба Паймони байналмилалии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ баррасӣ мегардад ва тасдиқи дастрасӣ ёфтан ба мулоҳизоти шумо аз 16-уми декабри соли 2021 вобаста ба маълумотномаи №2707/2015, ки аз номи Саодат Кулиева ба Кумита барои баррасӣ мутобиқи Протоколи факултативӣ ба Паймони байналмилалии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ирсол гардида буд. Нусхаи пешниҳоди шумо барои маълумот ба давлати иштирокчӣ дастрас карда шуд. Баррасии чораҳои аз ҷониби давлати узв андешидашуда ҷиҳати татбиқи Мулоҳизоти қабулнамудаи Кумита оид ба ин маълумот дар ҷаласаи 134-ум (28-уми феврал - 25-уми марти соли 2022) аз рӯйи банди 6-и рӯзномаи муваққатии Кумита «Дар бораи чораҳо дар робита бо Протоколи факултативӣ ба Паймон» ба нақша гирифта шудааст. Мутобиқи таҷрибаи муқарраршуда, гузориши минбаъдаи Кумита оид ба хабарномаҳои инфиродӣ дастрас карда мешавад”,- навишт ин расона.

NoTorture.Tj