Article Pages

1. Ҳар як Давлати узв ӯҳдадор мешавад дар ҳама гуна қаламрави дар доираи ҳуқуқии он қарордошта дигар амалҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шарафро, ки таҳти мафҳуми шиканҷаи дар моддаи 1 шарҳдодашуда қарор намегиранд, пешигирӣ намояд, ҳангоме ки чунин амалҳо аз ҷониби шахсони мансабдори давлатӣ ё дигар шахси расмӣ, ё бо шӯрангезии (таҳрикӣ) онҳо ва ё бо огоҳӣ ё...

27.02.2024 - 16:47

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон фарорасии Рӯзи таъсиёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро чун яке аз идҳои хеле муҳими кишвар табрик ва таҳният гуфта, ба сарбозон ва ҳар як шаҳрванди кишвари маҳбубамон дар ин рӯзи пурифтихор рӯзгори ободу сарбаландиҳо ва саодатмандию пирӯзиҳо таманно дорад. Иди Артиши миллӣ иди далериву мардонагӣ, иди муҳофизони шуҷои...

23.02.2024 - 00:17

Ҳар як Давлати узв таъмин менамояд, ки ҳама гуна баёноте, ки таҳти шиканҷа дода шудааст, дар ҷараёни ҳама гуна тафтишоти суди ҳамчун далел истифода нагардад, ба истиснои ҳолатҳое, ки он (баёнот) ба муқобили шахси дар содир намудани шиканҷа гунаҳгоршаванда ҳамчун далели он истифода мешавад, ки ин баёнот дода шуда буд. Моддаи 15-и Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои...

23.02.2024 - 00:04

Аз 1-уми феврали соли 2024 ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон» ва Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ» дар ҳамдастӣ бо Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (СРИҶҶ ВА ҶТ) бо дастгирии молиявии Фонди демократияи СММ амалисозии лоиҳаи «Тақвияти тавонмандии ҷомеаи шаҳрвандӣ барои пешбурди ҳуқуқи маҳбусон дар Тоҷикистон»-ро оғоз карданд. Лоиҳа ба дастгирии Ҷумҳурии Тоҷикистон...

22.02.2024 - 22:55

1. Ҳар як Давлати узв дар системам ҳуқуқии худ таъмин мекунад, ки ҷабрдидаи шиканҷа ҷуброн гирад ва ба талофии одилона ва муносиби қонунан муқарраршуда ҳақ дошта бошад, аз ҷумла маблағ барои офияти (реабилитатсияи) пурратар. Дар сурати марги ҷабрдида дар натиҷаи шиканҷа ҳуқуқ ба талофи ба нонхӯрони ӯ дода мешавад. 2. Ҳеҷ чиз дар ин модда ба ягон ҳуқуқи ҷабрдида ё дигар шахсон ба талофи, ки...

20.02.2024 - 11:49

ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон» дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (СРИҶҶ ВА ҶТ) бо дастгирии молиявии Ҳукумати Швейтсария амалисозии лоиҳаи «Ҳуқуқи шахсони аз озодӣ маҳрумшуда ва ислоҳоти низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ»-ро оғоз кард. Мақсади асосии лоиҳа мусоидат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди ислоҳот дар доираи Стратегияи ислоҳоти низоми...

20.02.2024 - 00:53

Ҳар як Давлати узв ба ҳар шахсе, ки дар ҳама гуна қаламрави дар доираи ҳуқуқии ин давлат қарордошта таҳти шиканҷа қарор гирифтани худро тасдиқ мекунад, ҳуқуқи ба мақомоти салоҳиятдори ин давлат пешниҳод намудани шикоят ва аз ҷониби онҳо зуд ва беғаразона баррасӣ гардидани чунин шикоятро таъмин менамояд. Барои таъмини ҳимояи даъвогар ва шоҳидон аз ҳама шаклҳои муомилаи бад ё таҳдид бинобар шикояти...

16.02.2024 - 11:48

Вобаста ба шиканҷа дар соли 2023 ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фақат як муроҷиат ворид шудааст, ки он ҳам шиканҷа не, балки муносибати бераҳмона будааст. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Умед Бобозода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод. “Конвенсия ҳаст дар бораи шиканҷа, муносибатҳои бераҳмона, пастзанандаи шаъну шараф. Дар маҷмуъ...

15.02.2024 - 15:15

Бародари як нафари ҳалокшуда дар натиҷаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона Розиқов Давлатмурод санаи 5-уми январи соли 2024 бо аризаи даъвогӣ оид ба рӯёнидани зарари маънавӣ ба маблағи 400000 сомонӣ нисбати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Суди ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст. Хотиррасон менамоем, ки марҳум Розиқов Абдуқаҳҳор санаи 2-юми январи соли 2023 баъди аз ҷониби кормандони...

13.02.2024 - 13:20

Ҳар як Давлати узв таъмин мекунад, ки мақомоти салоҳиятдори он дар сурати мавҷуд будани далели кофӣ дар мавриди он, ки шиканҷа дар ҳама гуна қаламрави дар доираи ҳуқуқии он қарордошта истифода гардидааст, тафтиши фаврӣ ва беғаразона гузаронанд. Моддаи 12-и Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф

13.02.2024 - 11:46

Страницы