Article Pages

Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ имрўз 22-юми январ роҷеъ ба саволи рўзноманигорон оид ба марги Умедҷон Тоҷиев, узви боздоштшудаи ҲНИТ дар бемористони зиндонҳои Хуҷанд гуфт, ки дар дохили рагҳои хунгарди шуши ў тромбаҳои калонҳаҷм пайдо шуда, эҳтимол боиси ҷон додани ў гардидааст. «Сабаби марги Тоҷиевро тафтишот муайян мекунад...

22.01.2014 - 22:51

Умедҷон Тоҷиев, узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар бемористони маҳбаси Хуҷанд даргузаштааст. Ҳасанбой Тоҷиев, бародари Умедҷон Тоҷиев рӯзи 20-уми январ ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки ҳамин ҳоло ҷасади бародарашро аз беморхонаи маҳбаси Хуҷанд гирифта ба Исфара мебаранд. Ба гуфтаи Ҳасанбой Тоҷиев, бародараш соати 13:00 рӯзи якшанбе дар беморхонаи маҳбас ҷон додааст. Вай афзуд, вақте...

20.01.2014 - 13:30

Умедҷон Тоҷиев, узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки дар Исфара ба гумони ташкили иттиҳодияи ҷиноӣ боздошт шуда, то ҳол дар СИЗО-и Хуҷанд нигоҳдорӣ мешуд, ба беморхонаи маҳбаси рақами 19-и шаҳри Хуҷанд интиқол дода шуд. Дар ин бора ба TojNews Юсуф Дониёров, вакили дифоъи Умедҷон Тоҷиев иттилоъ дод. Бино ба гуфтаи вакили дифоъ, аз сабабе ки вазъи саломатии Умедҷон Тоҷиев хеле бад шуд,...

14.01.2014 - 16:21

Вукалои мудофеъи созмони мавсум ба “Сипар” аз вазъи вахими саломати як маҳбус дар зиндони шумораи яки шаҳри Душанбе хабар доданд. Тавре ки Бузурмеҳр Ёров, яке аз ҳуқуқдонҳо, рӯзи панҷшанбеи 2 январ ба Би-би-сӣ гуфт, ба ӯ рӯзе қабл хабар расид, ки Давлатёр Қурбонов, як маҳбуси ин зиндон дар ҳолати вахиме қарор дошта ва ниёзманди вакили мудофеъ барои ҳимоят аз худ аст. Оқои Ёров мегӯяд, ки ӯ...

03.01.2014 - 19:58

Додситонии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Абдураҳим Шукуров, наворбардори “Озодагон”-ро, ки бегоҳи 26-уми декабр аз боздошт раҳо шуд, барои бозпурсӣ даъват намудааст. Ба иттилои додситонӣ, бозпурсии Шукуров дар асоси муроҷиати хабаргузории “Озодагон” сурат мегирад, ки аз боздошту латукӯби наворбардораш ба ин ниҳод шикоят бурда буд. Худи Абдураҳим Шукуров, таъкид мекунад, ки боздошту...

27.12.2013 - 15:31

Созмонҳои хабарнигории Тоҷикистон аз вазорати умури дохилии Тоҷикистон тақозо карданд, ки наворбардори "Озодагон"-ро ба таври оҷил аз ҳабси ҳафтрӯза раҳо намояд. Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон, НАНСМИТ, Шӯрои ВАО ва сардабирони нашрияҳои мустақили Тоҷикистон рӯзи 26-уми декабри бо нашри баёнияи муштарак, аз мақомоти вазорати корҳои дохилӣ тақозо карданд, ки оҷилан наворбардори "Озодагон"-...

26.12.2013 - 13:37

Абдураҳим Шукуров, наворбардори “Озодагон”, ки зуҳри имрӯз, 25-уми декабр дар назди боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон боздошт шуд, аз ҷониби маъмурони пулис мавриди латту кӯб қарор гирифтааст. Шукуров, ки то ҳол аз боздошт раҳо нашудааст, мегӯяд, ки ин латту кӯб ҳангоми овардани ӯ аз назди боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ то Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи...

25.12.2013 - 19:49

Имрӯз Суди олии ҶТ соҳибкори шинохта Зайд Саидовро ба муҳлати 26 сол маҳрумият аз озодӣ бо мусодираи молу мулкаш маҳкум кард. Ӯ дар муассисаи ислоҳии низомаш шадид адои ҷазо карда, то ба марҳилаи иҷро расидани ҳукмаш дар тавқифгоҳи тафтишотии КДАМ нигаҳдорӣ мешавад. Дар ин бора ба Хабаргузории «Азия-Плюс» ҳимоятгари ӯ Шуҳрат Қудратов иттилоъ дод. Номбурда барои шунидани ҳукми зерҳимояаш ба...

25.12.2013 - 19:15

Парвандаи Умедҷон Тоҷиев ва Зуҳур Иброҳимов ду узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки дар вилояти Суғд ба ташкили иттиҳодияи ҷиноӣ ва экстремистӣ айбдор мешавад, ҷамъбаст шуда, қарор аст рӯзҳои наздик ба суд ирсол шавад. Дар ин бора ба TojNews Файзинисо Воҳидова, вакили дифоъи Зуҳур Иброҳимов иттилоъ дод. Бино ба гуфтаи вакили дифоъ, маводҳои парванда ду ҳафта пеш ба онҳо дастрас шуда,...

24.12.2013 - 22:51

Прокуратураи вилояти Суғд эҳтимол меравад, нисбати кормандони Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Исфара, ки ба латукӯб ва шиканҷаи узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гумонбар мешаванд, парвандаи ҷиноӣ оғоз кунад. Амон Рофиев, муовини прокурори вилояти Суғд қарори Прокуратураи шаҳри Исфараро, ки дар он гуфта мешуд, Умедҷон Тоҷиев, узви ҲНИТ шиканҷа нашудааст ва дархости вакили дифоъи ӯ дар бораи ба...

18.12.2013 - 16:58

Страницы